Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1036600
Сегодня
7
На этой неделе
512
В этом месяце
2400
Итого
1036600
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

08.11.2019

Хиёнати хоинон то ба кай?

Мутаассифона, имрӯзҳо он ҳодисаҳои мудҳиш, парокандагӣ ва амалҳои террористӣ, ки дар Ироқу Сурия аз ҷониби гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ҷой дошт, дар  ҳамсоякишвари мо - Афғонистон  аз тарафи гурезаву боқимондаҳои ин қувваи ифротӣ идома дорад.

Он амали террористие, ки санаи 6-уми  ноябри соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон рух дода, боиси марги якчанд низомиёни кишвар гардид,  бори дигар собит месозад, ки ҷаҳони имрӯз пур аз таззод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳо буда, густаришу паҳншавии экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо, дарвоқеъ, ба як муаммои бузурги ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.

Имрӯз узви «Давлати исломӣ» аз номи ислом дар ниқоб ва зери парчами он мақсаду ҳадафҳои хешро тавассути зӯроварӣ ва тарсу ваҳм  амалӣ намуда, бо ташвиқоту тарғиботи бардурӯғ ва амалҳои ношоиста  обрӯву нуфузи  дини мубини исломро паст мезананд, даст ба куштору ҷиноятҳои вазнин зада, оромиву суботи ҷомеаро халалдор менамоянд.

Равшан аст,  он ҷиҳоде, ки ифротиён пешниҳод мекунанд, худкушӣ аст, зеро маънои аслии ҷиҳод барои зиндагии созгор саъю талош ва ҷидду ҷаҳд кардан аст. Бинобар,  тамоми мардуми кишвар ва бахусус, зиёиёну  фарҳангиён, аз ҷумла, ҳар як аъзои  ҳизби пешбару созанда ҲХДТ-ро  зарур аст, ки ба масъалаи зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, тавассути корҳои фаҳмондадиҳии судмандона  сиёсати дурандешонаи давлату Ҳукумати мамлакат ва бахусус, Пешвои муаззами миллатро ташвиқоту тарғибот кунем, иқдому ташаббусҳои накӯи роҳбарияти давлатро ҳамаҷониба дастгириву ҷонибдорӣ намоем ва мардумро ба созандагиву ободкориҳо ҳидояту раҳнамоӣ созем.

Хушбахтона, имрӯз қувваҳои низомии кишвар қодиранд, ки ҳомии воқеии ҳар як сокини кишвар бошанд ва мо бо низомиёни содиқи хеш дар ҳақиқат ҳам ифтихор мекунем.

Вале новобаста аз он, ба хотири фардои неку дурахшони ватани азизамон бояд  ба  бетарафиву бепарвоӣ роҳ надиҳем, чун як тан аз як гиребон сар бароварда, дар ҳамкориву робитаи зич бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа тавассути  бунёдкориҳо кишварамонро обод ва  сулҳу оромиро дар саросари он  таҳким бахшем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва ҳизбиёни бонанги шаҳр хиёнати хоинони миллатро маҳкум намуда, даъват ба амал меоварад, ки бар зидди ин гуна ашхоси ғаразандеш муборизи беамон бошем. Нагузорем, ки ягон нохалафе оромӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созад!

 

                               Бобоҷонзода Азимҷон Тоир,

                               Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей