Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081453
Сегодня
116
На этой неделе
206
В этом месяце
116
Итого
1081453
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.11.2019

Як афсари тоҷики кушташударо дар Конибодом ба хок супурданд

Як манбаи сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки рӯзи 7 ноябр дар шаҳри Конибодом майор Диловар Толибов, афсари 29-солаи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба хок супурданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Диловар Толибов низ дар ҳамлаи мусаллаҳонаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон кушта шуд. Аз ӯ як духтар ятим монд. Манобаи сомонаи "Ахбор” дар бораи кушта шудани дастикам 5 низомӣ дар он задухӯрд хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки мақомот дар иттилоияҳои расмиашон дар бораи ҳалокати танҳо як марзбон ва як корманди милиса хабар додаанд. Нозири минтақавии ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ Баҳром Шоҳзода нимаи дуюми рӯзи 6 ноябр дар деҳаи Шӯриёни ноҳияи Рӯдакӣ ва прапоршик Изатулло Латифов субҳи 7 ноябр дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба хок супурда шуданд. Мақомот мегӯянд, ҳамлагарон ҷангиёни созмони террористии ДОИШ буда, "бо супориши махсус” аз Афғонистон омаданд ва дар ҷараёни амалиёт 15 нафари онҳо кушта шуда, 4 нафараш зинда дастгир карда шуд.

Як манбаи сомонаи "Ахбор” аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд хабар дод, ки соати даҳи субҳи 7 ноябр дар ин шаҳр ҷанозаи майор Диловар Толибовро ба хок супурданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Диловар Толибов дар отряди сарҳаддии Султонобод дар марзи ноҳияи Рӯдакӣ бо Ӯзбекистон хидмат мекард ва шаби 6 ноябр дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарзадии Ишқобод кушта шуд.

Возврат к списку новостей