Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1036596
Сегодня
3
На этой неделе
508
В этом месяце
2396
Итого
1036596
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

31.10.2019

Омодагии шабакаҳои барқи шаҳри Конибодом ба давраи зимистонгузаронӣ

Дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 таҳти №117 корҳои муайяну мушаххас ба субут расонида шудаанд. Мувофиқ ба қарори  мазкур ситоди махсуси  шаҳрӣ  таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо низ таҳия гардиданд. Аз тарафи шабакаҳои барқи Конибодом барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020"-ро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини боэътимоди корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ бо нерӯи барқ, дар самти истеҳсолию техникӣ корҳои зерин ба сомон расонида шудааст. Бо дарназардошти мушкилиҳои пешомада дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, барои бартараф намудани қитъаҳои ба амал омадани садама, осебпазир ва кам намудани талафоти нерӯи барқ ноқилҳои сербори хатҳои интиқоли барқӣ иваз карда  шуданд. Барои аз серборӣ озод намудани истгоҳҳои трансформаторӣ бо трансформатори тавоноии  ТМ400 ба трансформатори ТМ-630 к  иваз карда шуд, хатти интиқоли барқии ҳавоии 10КВ бо дарозии 480м сохта ба истифода дода шуд.  Шохҳои дарахтоне, ки ҳангоми боду борон боиси садама мешуданд, тоза карда шуд.

Ба мавсими зимистонгузаронӣ сӯзишворӣ захира карда шуда, ҳамаи трансформаторҳои барқии бо равғанҳо пур карда шудаанд. Дар ҳамаи  иншоотҳо корҳои профилактикӣ гузаронида шуданд.      

Возврат к списку новостей