Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1036589
Сегодня
263
На этой неделе
501
В этом месяце
2389
Итого
1036589
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

31.10.2019

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

  1. Муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1614 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.
  4. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Патар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1032 сомонӣ.
  5. Сармутахассис – оморчии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1032 сомонӣ.
  6. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1032 сомонӣ.
  7. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев 1-ҷойи холӣ маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Патар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
  16. Мутахассиси раёсати маорифи шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 594 сомонӣ.

 

Барои ишғоли мансаби

Муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳр

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- мудири шуъба – 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

 

Барои ишғоли мансаби

Сармутахассис

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

– малакаи кор бо компютер.

 

Барои ишғоли мансаби

Мутахассиси пешбар

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

 

Барои ишғоли мансаби

Мутахассис

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

 

Довталабон барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- 4 дона расми андозаи 3х4 ва (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом ва замима);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- нусхаи шиносномаи миллӣ;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- хислатнома;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (эъломия);

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (ИТС);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ва таваллуди фарзандон (барои шахсоне, ки оиладор ҳастанд);

- маълумотнома (справка- объективка) аз ҷойи кори пештара;

- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 

шаҳри Конибодом, кўчаи Ю.Ёдгоров 73, индекс:735900, телефон (83467)    3-41-20, нишонии электронӣ www.konibodom.tj, mihd.Konibodom@mail.ru  Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр дар муҳлати 21 рӯзи баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.

Возврат к списку новостей