Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

976877
Сегодня
12
На этой неделе
12
В этом месяце
117334
Итого
976877
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

09.10.2019

Нохалафии нохалафон

Дар конфронси САХА оид ба ҳуқуқи башар гуруҳҳои мухолифин М.Кабирӣ ва ҳашттабақҳои гургошнояш хеле ҷавлон заданд, заҳрҳои бетаъсири худро ба сари миллати тоҷик пошиданд, ки «хандаи бузро ба гӯсфанд» ёдрас мекунад.

Мухолифини бебунёди ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» чанде аз ҷавонони аз ҷиҳати дониш, фаҳмиши сиёсӣ заифро бар зидди намояндагони давлат шӯронида, бо суханҳои кӯчагии фаҳш мехостанд аз «Кудрат ва асолат» -и ТТЭ ХНИ – ба аҳли ҷаҳон сухан гӯянд. Чаро онҳо дар хусуси чанд тан зиндониёни сиёсии «худӣ» дифоъ мекунанду халос. Гунаҳкор бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад.

Ҳақ ба ҷониби коршиноси сиёсӣ Абдуллои Раҳнамост, ки паймони хиёнаткоронро лоиҳаи тиҷоратӣ номид, ки ҳадафаш  ба даст овардани маблағ аз созмонҳои байналмилалӣ аст.

Имрӯзҳо онҳо расонаҳои ахборро охурча карда, ба халқи сарбаланди тоҷик ҳар гуна даъвоҳои беасосу изҳороту «нота»-ҳо менависанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ҷомеаро ба тарсу таҳлука оваранд.

Имрӯз мо симои манфури ин нохалафон ва роҳбарони номуҳтарами онро хуб шинохтем. Ташвишовар аст, ки баъзе аз тарафдоронашон байни ҷавонони муҳоҷир ҳар гуна баромадҳо, мавъизаҳо намуда, онҳоро ба доираи худ кашидан мехоҳанд. Мо, тоҷикистониён бояд ҳушёрии миллиро аз даст надода, ба он пайвандоне, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ ва таҳсил доранд, ҳақиқати имрӯзаи кишвари биҳиштосоямонро фаҳмонем ва онҳо дарк намоянд, ки фарзанди азизи тоҷикистонанд.

                                                                 Деҳқон Каримзода, омӯзгор

Возврат к списку новостей