Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

976875
Сегодня
10
На этой неделе
10
В этом месяце
117332
Итого
976875
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

04.10.2019

Гуруҳи ихтиёриён сафарбар шуданд

Дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом ба ифтихори гусели 100 нафар ихтиёриёни аввалин дар мавсими ҷорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бо иштироки роҳбарият ва фаъолони шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, собиқадорон ва даъватшавандагону волидайни онҳо ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷавонмардони асили диёрро раиси шаҳр, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва падари даъватшаванда бо накӯтарин орзуву умедҳо сидқан муборакбод гуфтанд.

Тавре зикр гардид, аҷдодони хирадманду гурдафкани мо ҳанӯз аз қадимулайём ба хубӣ медонистанд, ки ҳеҷ гоҳ гармии офтобро наметавон дар хоки бегона эҳсос кард ва мулки бегона ҳеҷ гоҳ Ватан нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, хоки Ватанро аз тахти Сулаймон беҳтар шуморида буданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи роҳандозии дурусти корҳои мафкуравӣ руҳияи ватандӯстонаи ҷавонони Конибодом пайваста боло меравад ва шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, тадриҷан зиёд мегардад. 

Дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ даъватшавандагон-  хамткунандагони мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

Дар оғози маъракаи даъвати тирамохии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ихтиёран ба ҳифзу ҳимояи Ватан иқдом намудани зиёда аз   100 нафар ҷавонони шуҷоатманди шаҳру деҳоти Конибодом ва дар рӯзи аввалини мавсим ба хизмати ҳарбӣ сафарбарнамоии онҳо тақвиятбахшандаи иқдомот, далели дигаргунии мусбии мафкуравию маънавии аҳли ҷомеа дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Ҳунарнамоии санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр, ки дар ин маҳфили хушу хотирмон саҳнаороӣ намуданд, ҷамъомадро шукуҳи тозае бахшид.

 

                             Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей