Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

730567
Сегодня
11750
На этой неделе
12491
В этом месяце
40888
Итого
730567
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

11.09.2019

Роғун - ифодагари рушди босуботи кишвар ва дастоварди нодири Истиқлолият

“Роғун - ифодагари рушди босуботи кишвар ва дастоварди нодири Истиқлолият” – таҳти чунин унвон бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани чархаи дуюми НБО-и Роғун бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом мизи мудаввар доир гардид. Дар он  намояндагони касбу кори гуногун, фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷавонони фаъоли ТҶҶ ”Созандагони Ватан” ва вакилони ҷавон ширкат варзиданд. Зимни чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова, намояндаи Раёсати маорифи шаҳр Заррина Тоҳирова, омӯзгори ҷавон Ғафурҷон Баротов, вакили маҷлиси шаҳрӣ Баҳромҷон Мухторов , хонандаи болаёқати МТМУ №42 Мубина Махкамова, намояндаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” Маҳмудҷон Раҳимов ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ мулоқот оростанд. Ба кор даромадани агрегати дуюми НБО Роғунро далели сарсабзӣ ва комгориҳои пайдарпайи миллати точик арзёбӣ карда, тазаккур дода шуд, ки Роғун саодати халқ, башорати сулҳ, нишони ободӣ ва равшании дилҳост. Аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бузург буда, он ҷиҳати пешрафти иқтисодии мамлакат муҳим ба шумор меравад.- гуфта шуд зимни суханронӣ.

Суҳбат бо шукргузорӣ аз Ватани ободу ором сурат гирифта, самимиву хотирмон анҷом ёфт.

Возврат к списку новостей