Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

730567
Сегодня
11750
На этой неделе
12491
В этом месяце
40888
Итого
730567
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

09.09.2019

Чорабинии идона дар қисми низомӣ

Дар қисми низомии 04080-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Конибодом бо ширкати намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муовини раиси шаҳр Ғаффорзода Нигорахон ба ифтихори солгарди 28-умини ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар чорабинии идона доир гашт.

Муовини раиси шаҳр Ғаффорзода Нигорахон паёми табрикии раиси шаҳр Зафарбек Давлатзодаро ба самъи афсарону сарбозон расонида, бо солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд.   Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон зикр намуд, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба пешрафт ниҳода, дар арсаи дунё баландмақому соҳибмартаба гардид.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки сарбозону афсарони ҷузъу томҳои гарнизони Суғд чун қисми таркибии хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯсти асил будани худро исбот намудаанд. Аз ин рӯ, дар оромию осудагии кишвар ва таҳкими амну амонӣ ва пояҳои Истиқлолият саҳми ҳомиёни Ватан назаррас мебошад.

Ба сарбозону афсарони ин қисми низомӣ дар вазъияти тантанавӣ ифтихорномаву сипоснома ва раҳматномаҳо супорида шуд. Ҳамчунин баҳри онҳо дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Чунин чорабиниҳои идона дар қисмҳои низомии ҳудуди ҷамоатҳои деҳот низ сурат гирифт.

 

                                                               Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей