Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

661304
Сегодня
86
На этой неделе
1258
В этом месяце
4344
Итого
661304
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

17.01.2019

Ҳисоботи миҳд-и ш.Конибодом оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро  дар соли 2018  ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд баён карда буданд, равона намуда, ба натиҷаҳои зерин ноил гашт:  

ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ

Дар соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103  фоиз таъмин гардида, ба ҷои 94 млн. 313 ҳазор сомонии дар нақша пешбинигардида ба буҷет 97 млн. 438 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3 млн. 125 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) – 101 фоиз, андози иҷтимоӣ 108 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 119 фоиз таъмин гардид. Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ 99 фоиз таъмин карда шуд, ба буҷет ба ҷои 53 млн. 593 ҳазор сомонӣ 52 млн. 960 ҳазор сомонӣ маблағҳо пардохт карда шуданд, ки аз нақша 632 ҳазор сомонӣ кам аст. Аз 10 намуд андозу пардохтҳо иҷрои 9 намуд таъмин гардида, 1 намуд (андоз аз фоида) иҷро нагардид, ки дар натича ба буҷет аз ин ҳисоб 3 млн. 767 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нашуд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ барои соли ҷорӣ бо назардошти тағйироту иловагиҳо дар ҳаҷми 67 млн. 821 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиш 64 млн. 903 ҳазор сомонӣ ё худ 95,7 фоизро ташкил дод. Дар ин давра ба соҳаи иҷтимоӣ ба маблағи 61млн.359 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 94,5 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро дарбар мегирад. Сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар ҷамъомади машваратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода мавриди баррасӣ қарор дода, дар назди масъулини соҳа, Нозироти андоз ва Раёсати молия оиди ситонидани бақияи андоз ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, ки барои иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет мусоидат менамоянд, вазифагузорӣ шудааст.

САНОАТ

Дар давраи ҳисоботӣ 23 адад корхонаҳои калону миёна, 21 адад корхонаҳои хурд ва соҳибкорони инфиродӣ бо истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ машғул шуданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 261 млн. 471 ҳазор сомониро ташкил карда, суръати афзоиш 130 фоиз таъмин гардид. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҶДММ Нафтрасон 2,3 маротиб, ҶС Шоҳон 2 маротиб, Корхонаи  Таъмири қатораҳои Маҳрам 120 фоиз, ҶС Бодом 155 фоиз, ҶДММ Созандагони диёр 2,2 маротиб ва ҶДММ Созмон 111 фоиз афзуд.

Дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, васеъ намудани истеҳсолот, ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда низ пайваста корҳо идома доранд. Санаи 5 июни соли 2018 коргоҳи муштараки ҶДММ Билол Суюлин Семент  бо арзиши 2 миллион доллар аз тарафи соҳибкори Ҷумҳурии Чин ва соҳибкори ватанӣ  бо иқтидори истеҳсоли 300 тн семент дар як шабонарӯз ба истифода дода шуд. Раванди истеҳсолот дар натиҷаи сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва ташкили дурусти кор дар корхонаҳои саноатии шаҳр сол аз сол  беҳтар шуда истодааст, ки дар ин раванд Корхонаи Таъмири қатораҳои Маҳрам намунаи ибрат аст. Дар коргоҳ соли ҳисоботӣ сехи истеҳсоли маҳсулоти резинӣ-техникӣ сохта ба кор дароварда шуд, ки барои тамоми корхонаҳои  Роҳи Оҳани Тоҷикистон ва дигар корхонаҳо аз рӯи фармоиш  маҳсулотҳои резинии ба равған ва бензин устувори стандартиро  истеҳсол менамояд. Барои ободонии коргоҳ, муҳайё намудани шароити хуби кории кормандон 645 ҳазор сомонӣ харҷ гардид.

Дар радифи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим барои коргарон, фарзандони онҳо, аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ ва Э.Шарифов сохтмони маҷмааи варзишӣ ба маблағи  390 ҳазор  сомонӣ анҷом ёфт, ки он  майдони футболи  хурд  бо руйкаши сунъӣ, майдони волейбол, баскетбол, тенниси калон ва таҷҳизотҳои дигари варзиширо дар бар мегирад. Мавриди қайд аст, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарият оиди аз тарафи истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин намудани хонандагон  бо либосҳои мактабӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Имрӯзҳо дар шаҳр 6 адад корхонаҳои дӯзандагӣ бо 86 адад ҷои корӣ ва иқтидори солонаи дӯхтани 60000 адад либос фаъолият дошта, 100 фоиз хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрро бо либосҳои хушдӯхти мактабӣ таъмин намуда истодаанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки гарчанде саҳми ҶДММ Нафтрасон ва Шоҳон дар ташаккулёбии қисми даромади буҷет назаррас аст, имконияти вусъат додани истеҳсолот пурра истифода  нашудаанд.

Мувофиқи коргоҳҳои номбурда соли сипаришуда мутаносибан 13420 ва 4680 тн нафти хом коркард карда шуданд, ки танҳо 28-30 фоизи иқтидори истеҳсолиро ташкил медиҳад ва дар соли 2019 барои бапуррагӣ истифодабарии иқтидорҳои коргоҳ нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд. Инчунин дар соли 2019 сохта ба истифода додани навбати дуюми заводи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсоли 300 тн семент дар як шабонарӯз, 2 адад коргоҳи хурди дӯзандагӣ ва коргоҳи коркарди партовҳои маишӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар соли 2018 5 адад корхонаҳои калону миёна: ҶС Ресмон, Ассор, Конибодоммаснуот, Тоҷ, Билол Груп  ва 7 адад корхонаҳои хурд: ҶДММ Амонбой, Заррин Канд, Далер РМ, Зулфиқор, Наргиза, Фахид ва Бинокор 2013 фаъолият накарданд. Шахсони масъули корхонаҳои номбурда хаттӣ ҷиҳати ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда вазифадор шудаанд.    

                                                   БАРҚ

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2018 баҳри боз ҳам беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ аз тарафи Шабакаҳои барқи шаҳр корҳои муайян ба сомон расонида шуда бошад ҳам, вазъи кор дар самти пардохти маблағи барқи истифодашуда ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 31 млн. 164 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шуда, 25 млн. 629 ҳазор сомонӣ пардохт гардид, ки  82,2 фоизи маблағи қувваи барқи истифодашударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла, пардохти маблағи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ  ба  82,3 фоиз рост меояд. Қарзи умумии маблағи  барқи истифодашуда 23 млн. 983 ҳазор  сомонӣ буда,  аз он 5 млн. 535 ҳазор сомонӣ қарзи соли ҷорӣ аст. Соли ҳисоботӣ ҷумҳурии мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузошт, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми 3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ содирот намуд. Ҷавобан ба чунин ғамхорӣ дар навбати худ  моро зарур аст, ки муносибатамонро дар самти самаранок истифодабарӣ ва саривақт пардохт намудани қувваи барқи истифодашуда куллан  дигаргун созем.

                                             НАҚЛИЁТ

Дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳо муассисаҳои нақлиётии «Сафар-Канд»,  «Салом»,  «Автомотогазсервис» ва  «Мадад - Трейдинг» тавассути 33 адад хатсайр ва бо ҷалби 350 адад нақлиёт хизматрасонии мусофиркашониро амалӣ менамоянд. Дар ин давра аз тарафи онҳо кашонидани мусофирон 14 млн.700 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 70 ҳазор нафар зиёд аст.  Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр саҳми ронандагони нақлиёти мусофиркаш, бахусус ҶДММ «Сафар-Канд» калон аст. Бо баробари ин роҳбарияти муассисаҳои нақлиётиро зарур аст, ки норасоиро дар самти таъмини ронандагон бо либоси ягона бартараф намуда, сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.      

                                           КИШОВАРЗӢ

Аз фаъолияти босамари соҳаи кишоварзӣ фаровонии бозори истеъмолӣ, паст шудани нархи молҳои талаботи ҳаррӯза ва таъмини амнияти озуқавории кишвар вобаста аст. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 363 млн. 177 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардид. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар сатҳи 100,7  ва чорводорӣ 102,1 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ ба 9115 тонна,  картошка 3223 тонна, сабзавот 19903 тонна, полезиҳо 5076 тонна, меваҷот 19109 тонна ва ангур ба 1007 тонна расонида шуд.             Дар структураи кишти зироатҳои растанипарварӣ кишти пахта мавқеи марказиро ишғол менамояд. Соли 2018 аз тарафи кишоварзони шаҳр дар майдони 6003 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки нисбати кишти ҳақиқии соли 2017-ум (5094 га) 909 га зиёд буда, 11916,6 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир нисбати ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардид.

 

ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва саривақт бо об таъмин намудани зироатҳо асоси ба даст овардани ҳосили дилхоҳ  мебошад.  Аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр хаҷми корхои мелиоративӣ дар майдони 594 га бо арзиши 420 хазор сомонӣ иҷро карда шудааст.

Ҳамзамон, тозакунии заҳбуру заҳкашҳои байни хоҷагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Р.Ҳамробоев, Г.Ортиқов ва Э.Шарифов дар масоҳати 18 км амалӣ гардида, дар маҷмӯъ иҷроиши корҳои мелиоративӣ аз ҳисоби хаққи хизмати обрасонӣ дар майдони 1134 га бо арзиши 830 ҳазор сомонӣ гузаронида шудаанд, ки 105 фоизи  накшаи солонаро дарбар мегирад.

Дар ин давра ба воситаи 12 адад Ассотсиатсияи истифодабарандагони об  ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба микдори 136 млн.м3 обрасонӣ карда шудааст, ки арзиши хизматрасонӣ 2 млн. 635 ҳазор сомонӣ буда, пардохт 2 млн.80 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 79 фоиз аст.     

          

ШУМОРАИ КОРМАНДОН ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи кормандони маошгири соҳаҳои иқтисодиёт 8563 нафар буда, музди миёнаи меҳнат 819 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 54 сомонӣ зиёд аст. Музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ барои моҳи декабр бапуррагӣ пардохт карда шуда, мувофиқи ташкилоту муассисаҳои  буҷети ва ғайрибуҷетии шаҳр қарздорӣ аз маош вуҷуд надорад. Инчунин, шумораи нафақахӯрон 18315 нафар буда, имрӯзҳо нафақаи моҳи декабри соли 2018 бапуррагӣ маблағгузорӣ шудааст.

Соли 2018 баҳрӣ бештар бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва ташкил кардани алоқаи бевосита байни корфармоён ва корҷӯяндагон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар  соли ҳисоботӣ 1059 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, 2031 нафар бекорон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ мувофиқи шаҳр 32224 нафар буда, аз онҳо 11786 ё ки 36,5 фоиз занҳо мебошанд. Аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба воситаи бонкҳо 55млн.182 ҳазор доллар маблағ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 9 млн.688 ҳазор доллар кам аст. Аз тарафи масъулини МИҲД-и шаҳр ба муҳоҷирони меҳнатӣ оиди қоидаву қонунҳои нави давлатҳои хориҷа, ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои онҳо дар хориҷи кишвар суҳбатҳо гузаронида шуда, барои касбомӯзӣ ва омӯхтани забон ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб карда мешаванд.                            

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Мардуми шарифи Конибодом сарфарозӣ аз он доранд, ки чорабинии идонаи фарҳангии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом бевосита бо иштироки Пешвои миллат ва садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса  баргузор гардид. Ба шарофати ин санаи муборак ва бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳр як қатор иншоотҳои ҷашнии муҳим, аз қабили мактаби замонавӣ барои 600 нафар хонанда, бинои нави маъмурии Прокуратураи шаҳр, варзишгоҳ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст, Майдони Асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаву меҳмонхонаи мӯҳташам бунёд гардида,  навсозӣ ва мумфаршкунии қитъаҳои роҳ аз деҳаи Кӯшкак то деҳаи Гулистони шаҳри Исфара ба масоҳати 45,1 км ва аз маркази шаҳр  то Ҷамоати деҳоти Патар ба масофаи 5,7 км, ҳамчунин таҷдиду барқарорсозии шабакаи таъминоти аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ ба иҷро расонида шуд.

                                 ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Яке аз ҳадафҳои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  ин тавассути эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорӣ ҷалб намудан ва бо ҷои корӣ таъмин намудани занону духтарони хонашин мебошад.

Дар шаҳр 11 адад Марказҳои адрасу атласбофӣ ва 1 адад Маркази қолинбофӣ бо ҷалби 2140 нафар ҳунармандон фаъолият доранд. Аз аввали соли ҳисоботӣ аз тарафи онҳо 33548 метр матои адрас истеҳсол шуда, 33090 метр ба фурӯш  рафт, ки боиси беҳтар гардидани шароити молиявии ҳунармандон гардид. Дар ин давра шумораи соҳибкорони шаҳр  10526 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 681 нафар зиёд мебошанд. Баҳри дастгирии соҳибкорӣ аз тарафи бонкҳо ба маблағи 72 млн. 301 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 1 млн. 314ҳазор сомонӣ зиёд  аст.

Ҳамзамон, аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ба 50 нафар занону духтарони хонашин ба маблағи 182 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзноки бефоиз дода шуд. Бо мақсади ба соҳибкорон расонидани моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда, инчунин фаҳмонидани талаботҳои Кодекси андоз соли сипаришуда дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4 маротиба ва дар ҷамоатҳои деҳот 6 маротиба семинар машваратҳо доир карда шуд. Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои чакана 396 млн. сомонӣ ва хизмати пулакӣ 235 млн.  сомониро  дар бар гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ва 4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Ҳамагӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи  2 млн. 770 ҳазор долл. мол содирот карда шуд, ки нисбати давраи муқоисавӣ  ба маблағи 1 млн. 417 ҳазор долл. зиёд мебошад.

                                          МАОРИФ

Дар  давраи ҳисоботӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, тарбияи ҷисману маънаван солими насли наврас ва таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ таҳти назорату корбарии доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  раёсати маориф қарор дошта, дар ин самти муҳими фаъолият тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.  Дар ин давра 55  муассисаи таълимӣ, 23 кӯдакистон, аз ҷумла 7 муассисаҳои хусусӣ ва 3 марказҳои таълимӣ фаъолият намуданд.  Дар соли таҳсили 2018-2019 шумораи умумии хонандагон 34076 нафарро ташкил дода, дар 1416 синф ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як синф 24 нафар хонанда рост меояд. Шумораи тарбиятгирандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак ба 4551 нафар баробар гардида, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ  17 фоизро ташкил дод. Соли таҳсили гузашта 17 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, 2 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва 2 нафар дар олимпиадаи байналмилалии ихтироъкорон созовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо шуданд. Мудири кабинети методӣ Бобоҷонов Иномҷон дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети методӣ» сазовори ҷойи дуюм гардид. Дар озмуни китобхони беҳтарини ҷумҳуриявӣ дар доираи озмуни «Библиомарафон»   хонандаи мактаби №42 – Махкамова Мубина соҳиби «Шоҳҷоиза» гардида, муассиси мактаби хусусии ба номи Очилбой Ҷӯраев Рустамҷон Ҷӯраев ҳамчун ғолиби озмуни «Соҳибкори муваффақи вилоят» дар соҳаи маориф дониста шуд. Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам  ва тавсеаи корҳои табиявию ахлоқӣ минбари маорифи шаҳр – рӯзномаи «Анвори маърифат» таъсис дода шуд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ҳолати кор дар соҳа масъулинро зарур аст, ки дар самти бартараф намудани норасогии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим фаъолиятро ҷоннок намоянд.

ТАНДУРУСТӢ

Солимии аҳолӣ пайваста дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри сохта ба истифода додани муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани базаи моддию техникии  онҳо пайваста чораандешӣ карда мешавад. Соли ҳисоботӣ ба соҳаи тандурустӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо  21 млн.185 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуд, ки  нисбати соли гузашта  1 млн.12 ҳазор сомонӣ зиёд аст.  Дар давоми  сол  барои харидори намудани 109  номгӯи таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ  591 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар ин давра се адад нақлиёти санитарӣ ба маблағи 382 ҳазору 715 сомонӣ аз тарафи Раиси вилоят ва  сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон тӯҳфа гардид.

Бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, тавассути Лоиҳаи Сино бинои Марказҳои саломатии деҳоти Дӯстӣ, Ҷаҳонзеб, Хамирҷӯй, Ортиқов ба маблағи 823 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, итмрӯзҳо таъмири 5 Маркази саломатии  деҳаи  Патар, Ниёзбек, Диловарон, Пӯлодон ва  Зарбед идома дорад.

Бо баробари ин масъулинро зарур аст, ки оиди бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд, чораҳои бетаъхир андешанд.

ФАРҲАНГ

Соли 2018 даствардҳои аҳли фарҳанги шаҳр, аз ҷумла иштироки фаъолонаи аҳли ҳунар дар чорабиниҳои фарҳангии вилоятиву шаҳрӣ, ҷойҳои намоёни китобдорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, иштироки бомуваффақонаи ҳунармандони театри шаҳрӣ дар фестивалҳои байналмилалӣ дар Англияву Чин, Эрону Ҳиндустон ва Қазоқистон  бо намоишномаҳои “Суди девонагон” ва “Қорӣ-ишкамба”, дастовардҳои шогирдони Мактаби санъати бачагона дар озмунҳои сатҳи гуногун, таъмиру тармими куллии Мадрасаи Бибиойим бо кӯмаки ташкилоти байналхалқӣ хеле назаррас аст.

          

                                             ҶАВОНОН

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Шумораи ҷавонон дар шаҳр 71 ҳазор нафар буда, 34 ҳазору 700 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.  Дар шаҳр 198 иншооти варзишӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 варзишгоҳ, 124 майдончаҳои варзишӣ, 54 толорҳои варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 8 иншоотҳои махсуси варзишӣ мебошанд. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр 2 мактаби варзишӣ амал менамояд. Варзишгарони ҷавони шаҳр дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ширкат намуда,  соҳиби 46 медали тилло, 44 медали нуқра ва 82 медали биринҷӣ гардидиданд.

ДАЪВАТИ ҲАРБӢ

Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуршарафи ҳар як ҷавонмард ба шумор меравад. Дар натиҷаи  дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани мавсими тирамоҳии давъати æавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҳудуди шаҳр 220  нафар наваскарон гусел шуданд,  ки баробари 100 фоизи нақша  аст.

Аз тарафи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо  фаъолони шаҳру ноҳия, бахусус комитети  иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни ҷавонон дар мавзӯи ватандӯстӣ, пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони ҷангу меҳнат ва ахлоқи хамида самараи дилхоҳ дода истодааст. Инчунин соли ҳисоботӣ дар мувофиқа бо командири  қисми ҳарбии 04080 полковник Асозода А. дар қисми ҳарбии номбурда 4 маротиба рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд, ки тавассути ин чорабиниҳо хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои омӯзгории шаҳр аз шароити хизмати сарбозон аз наздик шинос шуда, ба худ таассуроти хуб гирифтанд.         

 ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

Дар соли ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 2224 адад тӯю маросим баргузор гардида, маблағи харҷгардида 14 млн. 328 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як тӯю маросим  6 ҳазору 442 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра 30 адад ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда, 59 эҳтимолияти қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд. Дар ҳудуди шаҳру деҳот ҳамагӣ 36 адад ташкилотҳои динии исломӣ, аз он ҷумла 1 адад масҷиди ҷомеи марказӣ, 8 адад масҷидҳои ҷомеъ ва 27 адад масҷидҳои панҷвақта фаъолият доранд.   

Теъдоди донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, 48 нафар буда, айни ҳол 4 нафар дар хориҷи кишвар мебошанд. Аз ин теъдод ду нафар  донишҷӯёни Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ, як нафар дар шаҳри Дубайи Аморати мутаҳиддаи Араб  ва як нафари дигар дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия қарор дорад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур он дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр  моҳи майи соли ҳисоботӣ  таҳти сарварии Прокурори шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  ба тариқи алоҳида дар назди масъулини соҳа ва волидайни донишҷӯёни хориҷи кишвар вазифагузориҳо сурат гирифт.      

СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

  • иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Дар ҳудуди шаҳр Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон ва пиронсолон, Маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд «Орзу»-и Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» фаъолият мебарад. Шумораи бошандагони муваққатии рӯзона дар муассисаҳои мазкур 59 нафар буда,  таъминоти онҳо бо маводҳои зарурӣ мунтазам зери назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 3378 оилаи камбизоат аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шуданд, ки ба онҳо 946 ҳазор сомонӣ маблағ  ба воситаи оҷонсиҳои шуъбаи №30-и Бонки Давлатии Амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Конибодом  дастрас карда шуд. Дар маҷмуъ, соли ҳисоботӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва сарпарастон ба 8660 оилаҳои эҳтиёҷманд ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд ва минбаъд низ ҳамаи эҳтиёҷмандон ба ғамхории доимӣ фаро гирифта мешаванд.

                                           ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРӢ

Бетараф набудан нисбати амалҳое, ки барои содир намудани ҷиноят   сабаб мегардад, қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Дар  соли 2018 миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар ҳамаи самтҳои хизматӣ 349 адад буда, нисбати соли муқоисавӣ 9 адад кам аст ва  фоизи кушодашавӣ 94 фоизро ташкил намуд.

МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Дар давоми соли ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1236 адад мактубҳо аз ташкилоту муассисаҳо, инчунин 3342 адад арзу шикоятҳо ворид гашта, ҳамаи онҳо дар доираи талаботҳои қонунҳои амалкунанда баррасӣ гардидаанд.   

                        

 

 

Возврат к списку новостей