Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654964
Сегодня
76
На этой неделе
427
В этом месяце
5567
Итого
654964
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

14.01.2019

Вохӯрии и.в. раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода бо соҳибкорони маҳаллӣ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорони шаҳр вохӯрӣ доир намуд. Ӯ зимни вохӯрӣ нахуст қайд намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бинобар муҳимияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Бо назардошти ин масъала мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуда, баҳри рушди соҳаи саноат аз тамоми имкониятҳо истифода мекунад.

Дар назди ҳозирин муовини раиси шаҳр Ҳомидӣ Илҳом Мухтор баромад намуда, зикр дошт, ки дар ташаккули қисми даромади буҷети маҳаллӣ саҳми соҳаи саноат назаррас аст. Дар давраи ҳисоботӣ 23 адад корхонаҳои калону миёна, 21 адад корхонаҳои хурд ва соҳибкорони инфиродӣ бо истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ машғул шуданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 261 млн.471 ҳазор сомониро ташкил карда, суръати афзоиш 130 фоиз таъмин гардид. Дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, васеъ намудани истеҳсолот, ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда низ пайваста корҳо идома доранд. Бо баробари ин бояд қайд намуд, ки дар соли 2018 5 адад корхонаҳои калону миёна ва 7 адад корхонаҳои хурд фаъолият накарданд (Ҷ/С Ресмон, Ассор, Конибодоммаснуот, Тоҷ, Билол Груп,ҶДММ Амонбой, Заррин Канд, Далер РМ, Зулфиқор, Наргиза, Фахид ва Бинокор- 2013).

Номбурда саҳми хосаи соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзиро дар пешрафти диёр қайд намуд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода аз роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дар алоҳидагӣ пурсиш ба амал овард. Ба роҳбарони корхонаҳое, ки дар соли сипаригашта пурсамар фаъолият намуда, нақшаи истеҳсолиашонро барзиёд иҷро намудаанд, арзи сипос намуда, баҳри боз ҳам тақвият бахшидани кор ва ҷустуҷӯи самтҳои наву манфиатбахш дастурҳо дод.

Инчунин, он корхонаҳое, ки дар ин давра мунтазам фаъолият накарда, боиси кашолкориҳо шудаанд, мавриди пурсиш қарор дода шуда, баҳри ҳарчи зудтар ба кор андохтани коргоҳ ва минбаъд бо иқтидори пурра фаъолият намудани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд. Дар маҷмуъ, ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дастур дода шуд, ки бо ворид намудани технологияи нав маҳсулоти нав истеҳсол намуда, ба сифати онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Баҳри пешбурди кор бо корхонаҳои кишвар шартномабандӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми маҳсулот низ баланд бардошта шавад.

Дар ҷараёни мулоқот шаҳрдор аз сарварони хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм, коргоҳҳои коркарди пахта, сехҳои дӯзандагӣ ва бозорҳо низ пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати пурсамар ба роҳ мондани фаъолият супориш дод. Инчунин, аз набудани ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, барои ташкил намудани ширкатҳои хурди сайёҳӣ дастурҳо дод. Ҳамзамон, ба соҳибкорон ва сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ташкили сардхона ва гармхонаҳо дар самти таъмини бозори истеъмолӣ вазифагузорӣ сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ чанд нафар соҳибкорон баромад намуда, таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

Як гуруҳ соҳибкорони муваффақ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Вохӯрӣ судманд анҷом пазируфт.

 

Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей