Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654965
Сегодня
77
На этой неделе
428
В этом месяце
5568
Итого
654965
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

12.01.2019

Ниҳолшинонӣ дар назди маркази саломатии шаҳрии №1 бо иқдоми кормандони беҳдошти вазъи саломатӣ

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи  тадбири 1300 Рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза дорад.

Аз ҷумла, шанбеи сипаригашта кормандони беҳдошти саломатии маркази саломатии шаҳрӣ ва беморхонаи марказӣ маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Бо иқдоми роҳбарият ва кормандони шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ин ҷо зиёда аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча шинонида шуд. Дар ин маъракаи ободонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода ширкат варзида, аз ин ташаббуси шифокорон изҳори хушнудӣ карда, баҳри идома бахшидани он  ва сомони дигар корҳои ободонӣ дар ҳудуди дармонгоҳ дастурҳо дод.

Аҳли кормандони марказ бо хушнудӣ аз замони тинҷу осуда ба хотири ободонию сарсабзии диёр ниҳол шинониданд.

Роҳбарияти Шабакаи Катс ният доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар дигар корҳои ободониву хуррамггардониро низ дар марказ ба анҷом расонида, дар пешрафти Ватан ҳиссагузорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳр

 

Возврат к списку новостей