Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654965
Сегодня
77
На этой неделе
428
В этом месяце
5568
Итого
654965
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

12.01.2019

Вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати Патар ҷиҳати тавзеҳи нуктаҳои Паём

Бо мақсади шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом идома дорад. Мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз хавзаи интихоботи Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳитдин ин навбат дар ҷамоати деҳоти Патар баргузор гардид.

Дар Паёми имсолаи хеш Роҳбари давлат ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳаи варзиш ва ҷавонон, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, барои роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. – зикр шуд дар мулоқот. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми хеш инчунин ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ин иқдом идомаи мантиқии чораҳои марбут ба ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, ки қаблан аз ҷониби Сарвари давлат ҷорӣ гардида буданд, маҳсуб меёбад. Зеро маҳз чунин иқдомоти пайгирона шароит фароҳам месозад, ки соҳибкорони ҷумҳурӣ бо дили гарм ва меҳнати содиқона дар таҳкими инфрасохтор, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар раванди аз давлати  аграрӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузоранд. – афзуд вакил.

Сокинони ҷамоати деҳоти Патар кайд намуданд, ки ватани маҳбубамон ба он ҳадафҳое, ки барои рушду нумуи сразамин муҳим мебошанд,  зина ба зина ноил  шуда истодааст. Инчунин сокинон аз он хушҳол ҳастанд,ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон  гардид.

 

                                      Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей