Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665858
Сегодня
117
На этой неделе
579
В этом месяце
3313
Итого
665858
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

11.01.2019

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  10 январи соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию ичтимоии шаҳр дар соли 2018 баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид.

Сараввал, дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал муовини раиси шаҳр Ҳомидӣ И.М., доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2018» баромад намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки дар соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 94 млн. 313 ҳазор сомонии дар нақша пешбинигардида ба буҷет 97 млн. 438 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3 млн. 125 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) – 101 фоиз, андози иҷтимоӣ 108 фоиз ва андози иҷтимоии ғ айрибуҷетӣ 119 фоиз таъмин гардид.  Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ 99 фоиз таъмин карда шуд, ба буҷет ба ҷои 53 млн. 593 ҳазор сомонӣ 52 млн.960 ҳазор сомонӣ маблағ ҳо пардохт карда шуданд, ки аз нақша 632 ҳазор сомонӣ кам аст. Аз 10 намуд андозу пардохтҳо иҷрои 9 намуд таъмин гардида, 1 намуд (андоз аз фоида) иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷет аз ин ҳисоб 3 млн. 767 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нашуд.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ барои соли ҷорӣ бо назардошти тағйироту иловагиҳо дар ҳаҷми 67 млн. 821 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиш 64 млн. 903 ҳазор сомонӣ ё худ 95,7 фоизро ташкил дод. Дар ин давра ба соҳаи иҷтимоӣ ба маблағ и 61 млн.359 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 94,5 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро дарбар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ 23 адад корхонаҳои калону миёна, 21 адад корхонаҳои хурд ва соҳибкорони инфиродӣ бо истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ машғул шуданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 261 млн.471 ҳазор сомониро ташкил карда, суръати афзоиш 130 фоиз таъмин гардид. Дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, васеъ намудани истеҳсолот, ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда низ пайваста корҳо идома доранд. Санаи 5 июни соли 2018 коргоҳи муштараки ҶДММ Билол Суюлин Семент бо арзиши 2 миллион доллар аз тарафи соҳибкори Ҷумҳурии Чин ва  соҳибкори ватанӣ  бо иқтидори истеҳсолии 300 тн семент дар як шабонарӯз ба истифода дода шуд.  Инчунин дар соли 2019 сохта ба истифода додани навбати дуюми заводи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсоли 300 тн семент дар як шабонарӯз, 2 адад коргоҳи хурди дӯзандагӣ ва коргоҳи коркарди партовҳои маишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо баробари ин бояд қайд намуд, ки дар соли 2018 5 адад корхонаҳои калону миёна ва 7 адад корхонаҳои хурд фаъолият накарданд (Ҷ/С Ресмон, Ассор, Конибодоммаснуот, Тоҷ, Билол Груп,ҶДММ Амонбой, Заррин Канд, Далер РМ, Зулфиқор, Наргиза, Фахид ва Бинокор- 2013).

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат саноатикунонии кишвар ҳадафи чорумини миллӣ эълон гардид. Ин иқдоми тақдирсоз моро водор менамояд, ки дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои муассир андешем.

Дар соли ҳисоботӣ 1059 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, 2031 нафар бекорон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ мувофиқи шаҳр 32224 нафар буда, аз онҳо 11786 ё ки 36,5 фоиз занҳо мебошанд. Аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба воситаи бонкҳо 55млн.182 ҳазор доллар маблағ  ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 9 млн.688 ҳазор доллар кам аст.

Дар шаҳр 11 адад Марказҳои адрасу атласбофӣ ва 1 адад Маркази қолинбофӣ бо ҷалби 2140 нафар ҳунармандон фаъолият доранд. Аз аввали соли ҳисоботӣ аз тарафи онҳо 33548 метр матои адрас истеҳсол шуда, 33090 метр ба фурӯш рафт, ки боиси беҳтар гардидани шароити молиявии ҳунармандон гардид.

Дар ин давра шумораи соҳибкорони шаҳр 10526 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 681 нафар зиёд мебошанд. Баҳри дастгирии соҳибкорӣ аз тарафи бонкҳо ба маблағ и 72 млн. 301 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 1 млн. 314 ҳазор сомонӣ зиёд  аст.  

Дар соҳаи маорифи шаҳр 55  муассисаи таълимӣ, 23 кӯдакистон, аз ҷумла 7 муассисаҳои хусусӣ ва 3 марказҳои таълимӣ фаъолият намуданд. Соли таҳсили гузашта 17 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии  ҷумҳуриявӣ, 2 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва 2 нафар дар олимпиадаи байналмилалии ихтироъкорон созовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо шуданд.

Соли ҳисоботӣ ба соҳаи тандурустӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 21 млн. 185 ҳазор сомонӣ маблағ гузорӣ шуд, ки нисбати соли гузашта 1 млн. 12 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар давоми сол барои харидори намудани 109  номгӯи таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ 591 ҳазор сомонӣ маблағ  харҷ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар ин давра се адад нақлиёти санитарӣ ба маблағи 382 ҳазору 715 сомонӣ аз тарафи Раиси вилоят ва сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон тӯҳфа гардид.

Бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, тавассути Лоиҳаи Сино бинои Марказҳои саломатии деҳоти Дӯстӣ, Ҷаҳонзеб, Хамирҷӯй, Ортиқов ба маблағи 823 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, имрӯзҳо таъмири 5 Маркази саломатии деҳаи Патар, Ниёзбек, Диловарон, Пӯлодон ва Зарбед идома дорад. Мавқеи занон дар мақомотҳои роҳбарикунанда раванди пешравӣ дошта, агар соли 2005 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои сохтории он, ҷамоатҳои деҳот 7 нафар занон фаъолият намуда бошанд, пас соли 2018 сафи онҳо ба 42 нафар расидааст. Шумораи ҷавонон дар шаҳр 71 ҳазор нафар буда, 34 ҳазору 700 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. 

Дар шаҳр 198 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 варзишгоҳ, 124 майдончаҳои варзишӣ, 54 толорҳои варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 8 иншоотҳои махсуси варзишӣ мебошанд. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр 2 мактаби варзишӣ амал менамояд.

Варзишгарони ҷавони шаҳр дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ширкат намуда, соҳиби 46 медали тилло, 44 медали нуқра ва 82 медали биринҷӣ гардидиданд. Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҳудуди шаҳр 221  нафар наваскарон гуселонида шуданд, ки баробари 101 фоизи нақша аст.

Сипас, аз ҷониби и.в. раиси шаҳр З.Давлатзода аз рўи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2018 аз муовинони раиси шаҳр ва як қатор роҳбарони соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, нозироти андоз, раёсатҳои кишоварзӣ ва маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, идораи барқ, кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои деҳот, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, бахши фарҳанг, бахши ҳифзи муҳити зист, қитъаи бо обтаъминкунӣ ва ташноб, раисони кумитаҳои маҳаллӣ, ходимони дин оид ба фаъолияташон дар давраи ҳисоботӣ пурсиш ба амал оварда шуд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуллозода Ш.,- раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирок намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда мухтасар баромад намуда, ҷиҳати ҳалли дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд  дар масъалаҳои пешрафти ҷомеа, боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ маслиҳатҳои муфид дод.

Дар фарҷоми маҷлис, фаъолияти ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

 

 Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей