Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654964
Сегодня
76
На этой неделе
427
В этом месяце
5567
Итого
654964
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

09.01.2019

Паёми Пешвои муаззами миллат - китоби ҳикмату насиҳат ва нақшаи солонаи ҳар як фарди равшанфикри ҷом

Вобаста ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулху Вахдати миллӣ Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Рахмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри конибодом ҳамоиши роҳбарияти шаҳр ва роҳбари гуруҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон дар шахри Конибодом директори генералии КВД ХМК ЖТ Табарзода Ҷамшед Афзал, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҶТ  аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳитдин, раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон доир гардид.

Мулоқотро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода ифтитоҳ бахшида, ҳадафи онро шарҳ дод.

Дар ҳамоиш доир ба самтҳои гуногуни Паёми Президенти мамлакат суханронӣ карда, кайд намуданд, ки Паёми роҳбари давлат дастури корӣ барои идораву ташкилоту корхонаҳо ва кулли сокинон барои соли оянда мебошад.

Иброз намуданд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат китоби ҳикмату насиҳат ва нақшаи солонаи ҳар як фарди равшанфикри ҷомеа мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи хеш ҳадафҳо, нақшаҳо ва стратегияи миллии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. 
Дар Паёми имсола Роҳбари давлат ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳаи варзиш ва ҷавонон, омодагӣ барои ҷашни миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диқатти махсус дода, барои роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, - зикр шуд дар идомаи мулоқот.

Дар фарҷом муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Исмоилҷон Юсуфов, мутахассиси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ва чанде дигарон ба сухан баромада, андешаҳои худро бобати Паёми навбатии Пешвои миллат иброз доштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки баргузории суҳбату мулоқотҳо дар чанд рузи дигар дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом идома доранд.

                                                                     Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей