Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665858
Сегодня
117
На этой неделе
579
В этом месяце
3313
Итого
665858
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

09.01.2019

Мусобиқаи футболи хурд байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

Кормандони шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии  шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом байни ноболиғону  ҷавонони он пайваста корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, саъй менамоянд, то ки наврасонро ба омӯзиши касбу ҳунар, забонҳои  хориҷӣ  ва варзиш ҷалб намоянд. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани  маҳорату  малакаи варзишии   наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврас аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи мазкур мусобиқаи футболи хурд байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид. Дар мусобиқа 12 даста бо иштироки зиёда аз 100 нафар варзишгарони наврас аз гимназия ва муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Конибодом иштирок намуданд. Бозиҳо тезу тунд идома ёфтанд, ки дар интиҳои мусобиқа дастаи футболбозони навраси гимназияи рақами 1-и  шаҳри Конибодом соҳиби ҷойи аввал гардида, «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»-ро ба даст оварданд. Ҷойи 2 ва 3-ум насиби футболбозони навраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5 ва 16 гардид. Дар хатми мусобиқа ба дастаи ғолиб ва бозингарони беҳтарин дар вазъи тантанавӣ ҷом ва туҳфахои хотиравӣ супорида шуд.

 

Дафтари матбуоти раиси шаҳр

 

Возврат к списку новостей