Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654964
Сегодня
76
На этой неделе
427
В этом месяце
5567
Итого
654964
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

09.11.2018

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ташкилу баргузории як қатор чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ дар мавзӯи "Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан" ва "Пешвои миллат ва шинохти манзалати чеҳраҳои мондагори таърихи тоҷикон", озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Пешвои муаззами мо" дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар байни дастаҳои варзишии кумитаи маҳаллаҳо, коллеҷу литсейҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар назар аст, ки дар варзишгоҳҳо, боғи фарҳангӣ ва қасри фарҳангии «Бодом» чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва барномаҳои консертӣ баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб 16  ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

 

 

Возврат к списку новостей