Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

638940
Сегодня
97
На этой неделе
1061
В этом месяце
3463
Итого
638940

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

09.11.2018

Хизмат ба Ватан –Модар шарафу мардонагист

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон маъракаи даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ҷавонписарони шуҷоъу далери шаҳри Конибодом низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ бо ихтиёри худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии хешро барои дифои Ватан иброз дошта, ба сафи Артиши миллӣ пайваста истодаанд.

Мутаассифона, баъзе аз ҷавононписарон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, роҳ сӯйи муҳоҷират пеш мегиранд, ки ин ҷараёни маъракаи даъвати ҳарбиро халалдор менамояд. Афсӯс, ки дар аксар маврид волидон, бахусус модарон монеи раҳсипор гаштани ҷавонон ба дифои сарзамин мегарданд…

Барои боз ҳам натиҷабахш гаштани масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом корбариро тақвият бахшида, пайваста дар вохӯриву мулоқотҳо байни ҷомеа корҳои таблиғотиро ба роҳ мондаанд.

Ҷавонписароне низ ҳастанд, ки хизмат ба Ватан –Модарро ифтихор аз ватандорӣ ҳисобида, бо хоҳиши худ ба сафи наваскарон шомил мегарданд.                                                                                

Ҳасанҷон ва Ҳусейнҷон Соҳибовҳо дар оилаи зиёӣ тавваллуд ёфта, аз зумраи нафаронеанд, ки имрӯз сарбаландона ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Пайвандонашон  бо умеду орзу ҳамроҳ барои гусел омада, даст ба дуо бардоштанд. 

«- Пӯшидани либоси аскариро аз хурдӣ орзу мекардам . Имрӯз шодам, ки чунин фурсат насибам гашт. Боифтихор ва содиқона ба халқу Ватанам хизмат хоҳам кард . Аз ҷавонони диёр даъват ба амал меорам, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накунанд, зеро ин қарзи фарзандии мост»- боифтихор иброз дошт Ҳусейнҷон.

Аз шунидани суханони фарзандаш ашки шодӣ дар чашмони модар ҳалқа зад ва бо умеди саломатии фарзандон ва оромии ин марзу бум барои  ду писари бонангаш роҳи сафед орзу намуд…

Возврат к списку новостей