Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

638946
Сегодня
103
На этой неделе
1067
В этом месяце
3469
Итого
638946

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

08.11.2018

Паёми шодбошии раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

   Муҳтарам кормандону хизматчиёни шуъбаи корҳои дохилии шаҳр!

   Ҳамдиёрони азиз!

Шуморо ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик аз самими қалб муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву сарбаландӣ, бахту саодат, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои  вазифаи басо пурмасъул ва дар айни ҳол боифтихоратон барору пирӯзиҳо орзумандам.

Басо гуворост, ки ҳамаи мо дар  ин  айёми  фараҳбахш - 24 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии мақомоти  милитсияи кишвари азизамонро  ҷашн мегирем.

Милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ рисолати пурмасъули хеш таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткориро садоқатмандона ба иҷро расонида, санҷишҳои ҷиддии таърихро паси сар намудааст.

Хусусан, дар оғози даврони истиқлолияти давлатиамон, ҳангоми ташаккули низоми нави давлатдорӣ  кормандони милитсия бори дигар собит намуданд, ки барояшон арзишҳои олии Ватан, Истиқлолият, Сулҳу Ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон волою муқаддасанд.

Таърихи на он қадар дурамон гувоҳ аст, ки матонати шумоён, дар   лаҳзаҳои басо ҳассос ва тақдирсози миллату давлати тозаистиқлоламон фаромӯшнопазир буда,  аксари  шумоён ҳамчун   сарбози  обутобёфта, дар  сафи пеши мубориза қарор гирифтед ва дар ҳимояи сохти  конститутсионӣ саҳми босазо гузоштед.

Имрӯзҳо низ ҳар яки шумоён вазифаҳои ҷонии хеш - мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, зуҳуроти номатлуби ҷомеа, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи моликияти шахсӣ ва ҷамъиятиву давлатӣ, риояи тартибот ва волоияти қонун бо эҳсоси масъулияти баланд иҷро менамоед. 

Қаноатманд аз онем, ки ҳайати шахсии милитсияи шаҳр дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дигар баҳри пешгириву ошкор намудани ҷинояткориҳо, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ  ва таъмини зиндагии осудаҳолонаи сокинон донишу таҷриба ва маҳорати касбии худро равона сохта, бо истифода аз воситаҳои муосир ва сифатан нави корбарӣ ба натиҷаҳои  дилхоҳ ноил мегарданд.

Нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки дар натиҷа аксари ҷиноятҳо, аз ҷумла, дар самти кофтукови ҷиноӣ, ҷиноятҳои вазнин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саривақт ошкор мегарданд.

Дар маҷмӯъ нисбат ба солҳои пешин  дастовардҳо беҳтар гардида, аз сатҳи баланди донишҳои касбии хизматчиёну тадбирҳои  саривақтии   роҳбарият дарак медиҳад. 

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо бо дарназардошти ҷараёни  босуръати ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои ҳамарӯзаи олам афзудани ҷиноятҳо, терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  хатарҳои бештар оварда,  бар дӯши кормандони милитсия вазифаҳои боз ҳам пурмасъулро вогузор менамоянд.

Албатта, изҳори боварӣ мекунем, ки кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳр бо азму нерӯи қавӣ софдилонаву садоқатмандона баҳри амнияту суботи кишвар, риояи тартибот ва волоияти қонун кӯшишҳои босамар хоҳанд кард.

Дар  ниҳоят,  бори дигар, ҳамаи  шумо кормандони мӯҳтарами шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр ва собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбиатон – Рӯзи  кормандони милитсия самимона  табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, бахту саодат  ва   дар ҷодаи хизмати бошараф пирӯзиҳо орзумандам.

 

 

Возврат к списку новостей