Посетители
05.11.2018
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи қабули Конститутсия
Ба шарафи Рӯзи Конститутсия дар Кохи мошинсозони шаҳри Конибодом ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилот, муассисаву хоҷагиҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ширкат доштанд.
Дар ҷамъомад намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нуъмонзода Темурҷон ва муовини аввали раиси шаҳр Ёдгорӣ Фирдавс баромад намуда, сокинони шаҳрро ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи қабули Конститутсия шодбош гуфтанд.
Дар баромади намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр бо баробари табрику муборакбодии аҳли ҷомеа гуфта шуд, ки Конститутсия ҳуҷҷати асосии давлатдорӣ буда, бахтномаи миллат дониста мешавад. Бисту чор сол қабл ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бо таври демократӣ аз тарафи халқ пазируфта шуда, он дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеа аз он сарчашма мегирад. Солҳост, ки Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, бешак, кулли пешрафту дастовардҳои халқу давлатамон бо қабули он алоқаманд аст.
Махз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бахтнома беш аз пеш обрӯю нуфуз пайдо карда, дар ҳақиқат, ба бахтнома табдил ёфтааст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ наврасон, ки бори аввал шиноснома мегиранд, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон супорида шуд. Инчунин, ба чанд нафар барқароркунандагони сохти конститутсионии кишвар аз шаҳри Конибодом медалҳои ҷашнӣ ва Ифтихорномаҳо тақдим гашт. Гуруҳи боскетболбозони шаҳр, ки дар мусобиқаи вилоятӣ мақоми аввалро соҳиб гаштаанд, бо Сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҷамъомади тантанавӣ барномаи пурмазмун ва ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки саршори васфи сулҳу осоиштагӣ ва сулҳу субот буда, суруду таронаҳои тозаэҷодро эҳдо намуд.
Новости сайта Президента республики
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?