Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

627981
Сегодня
40
На этой неделе
725
В этом месяце
169143
Итого
627981
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

11.07.2018

Амалҳои террористиву экстремистиро маҳкум мекунем

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, имомхатибон ва раисони кумитаҳои маҳаллӣ филми «Решаҳои ноаён» бо иштироки 105 нафар намоиш дода шуд. Бояд зикр кард, ки баъди ба охир расидани намоиши филми мазкур фитаи (диск) филм ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва раисони кумитаҳои маҳаллӣ дастрас карда шуд.       

Пас аз намоиши филм муовини раиси шаҳр Ашурматзода З.Ӯ. оид ба муҳтавои филм, ки ба хиёнаткориҳо, ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва ба гуноҳҳояш иқрор шудани генерали мардумӣ Сайид Қиёмиддини Ғозӣ вобаста буд, сухан кард. Ҳозиринро ба ташкили намоиши филми мазкур дар коргоҳу муассисаҳо, минбаъд вусъат бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳамкории зич бо ВАО, нишон додани вокунишҳо ба маводҳои таблиғотӣ вазифадор намуд. Хусусан, дар муассисаҳои таълимӣ ба тарбияи дурусти ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан таъкид карда шуд.

Сипас, чанде аз иштирокдорон низ ба сухан баромада, андешаҳои хешро бобати масъала баён доштанд.

Худи ҳамин рӯз тамошои фаъолонаву дастаҷамъонаи филм дар коллеҷи технологӣ ва коллеҷи омӯзгорӣ низ сурат гирифт.

Намоиши филми мазкур санаи 12.07.2018 дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда хоҳад шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей