Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

627981
Сегодня
40
На этой неделе
725
В этом месяце
169143
Итого
627981
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

12.07.2018

Терроризм - зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ ва терроризм ба ташвиш оварда истодааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлубанд, ки осудагӣ ва тинҷию амонии ҷомеаро халалдор намуда, ба амнияти ҳар як мамлакат хатар эҷод мекунад.

Тавре маълум аст, гуруҳҳои террористӣ вазифаи асосии амалиётҳои худро дар ташкил додани давлати исломӣ дар шакли хилофат меҳисобанд. Барои ин онҳо мақсад ва амалҳои террористии худро бо ғояҳои динӣ омезиш дода, худро ҳимоятгарони ҳақиқии дини ислом нишон медиҳанд. Аммо ин амалҳои террористӣ бо ғояҳои инсондӯстонаи дини мубини ислом ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Зеро дини ислом амалҳои нопокро нисбати инсон ҳамеша маҳкум менамояд. 
Ифротгароён аз паст будани сатҳи маърифати сиёсии ҷавонон истифода карда, онҳоро бо роҳи фиребу найранг ба доми худ дароварда, барои амалӣ намудани ниятҳои худ истифода мебаранд.

Тавре  маълум аст, дар натиҷаи гумроҳ шудан зиёд ҷавонони тоҷик имрӯз дар ҳайати ҷангиёни ДИИШ дар Сурия дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок карда истодаанд, ки чандин нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардидаанд.
Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) (5-ноябри соли 2003, Маҷлиси намояндагон омадааст:

“Экстремизм-ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ”.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.

Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари чунин  таҳдидҳо  эмин буда наметавонад. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар қаламрави кишвари мо бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, бетаҷрибагӣ ва камогоҳӣ бесарусомониҳо сурат гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуширо ба амал овард. Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон амалҳои террористие ба вуқӯъ омаданд, ки амнияти кишварро халалдор намуданд.

Хушбахтона, имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

        Обидова Гулбаҳор,

         омӯзгори коллеҷи омӯзгорӣ

        

Возврат к списку новостей