Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

644259
Сегодня
215
На этой неделе
461
В этом месяце
1908
Итого
644259
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.07.2018

Довталабон имтиҳон месупоранд

Шуруъ аз 1 июл дар 15 шаҳру навоҳии кишвар марказҳои имтиҳонсупорӣ ба  фаъолият пардохтанд ва  тибқи нақшаи  Маркази миллии  тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 67844 донишҷӯ соли нави таҳсилро дар 36 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ истиқбол хоҳанд гирифт.

Имтиҳонсупорӣ ба довталабони шаҳрҳои Исфара ва  Конибодом  дар нуқтаҳои 0208 ва 0209, воқеъ дар дабистони № 2 ва гимназияи №1-и шаҳрамон  ҷараён дошта, 69 нафар мутахассисон пас аз омӯзиш ҷалб шудаанд.

Сардори бахши ММТ назди Президенти Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон, ҳамоҳангсоз Раҳмон Халилов мегӯяд, қабули довталабон ва супоридани   имтиҳонҳо  шаффоф  ба роҳ монда шуда, 14 июл анҷом меёбад. - Навгоние, ки  дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2018  ҷорӣ шуд, навиштани эссе ба ихтисосҳои филология, педагогика, санъат, инчунин истифода аз хизматрасонии « Худро бисанҷ» мебошад.   Ёдовар бояд шуд, ки бо Фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   шахсони то 21 солае, ки падар ё модарашон  фавтида, дар парастории яке аз онҳо қарор доранд,  маъюбони  гуруҳҳои 1 ва 2 аз пардохти маблағи марҳилаи асосӣ - 250 сомонӣ ( қисман – 125  ё худ 50 % ) , ятимони кулл ва бепарасторони то 21 сола, маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2, «кӯдакони маъюб»-е, ки падар ё модарашон фавтида, дар парастории яке аз онҳо қарор дорад, тамоман  озоданд.

 Ҳамзамон, аз 18 то 20 июл нафароне,  ки ба имтиҳонсупорӣ ҳозир нашуданд, дар шаҳри Душанбе имтиҳони иловагӣ месупоранд.

Соли равон муассисаҳои таълимии шаҳрро 2214 нафар хонанда хатм намуда, 1508 нафари онҳо ба маркази миллии тестӣ сабти ном шуданд, – гуфт роҳбари маркази имтиҳонии мактаби № 2 Адиба Ҷабборӣ.

                                                                                      Фирўзаи АБДУЛАЗИЗ

Возврат к списку новостей