Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

644257
Сегодня
213
На этой неделе
459
В этом месяце
1906
Итого
644257
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.07.2018

Маъюбон зери ғамхории доимии давлату Ҳукумат

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар тарабхонаи «Олимиён» барои 60 нафар маъюбон дастурхони идона ороста шуд. Дар чорабинӣ раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок ва баромад намуда, нафарони нозукдилро бо ин рӯз шодбош гуфт.

Таъкид гардид, ки масъалаи дастгирии ҳамешагии маъюбон, оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомонда ва ятимон дар саргаҳаи сиёсати давлат қарор дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ низ фаъолияти худро барои ҳаматарафа фароҳам овардани имкониятҳои баробар ба маъюбон ва пиронсолон, беҳтар кардани нигаҳдории тандурустӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди зиндагӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъият равона кардааст.

Иштирокдорони чорабинӣ сари дастурхони идона Рӯзи идро бо шодиву нишоти бепоён таҷлил намуда, бо шукргузорӣ аз замони осоишта, имконоти фароҳамовардашуда барои дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат миннатдорӣ баён карданд.

Баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр суруду таронаҳои дилнишин садо дод.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти шаҳр шахсони маъюбиятдошта аёдат карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей