Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

353406
Сегодня
537
На этой неделе
1092
В этом месяце
12277
Итого
353406
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

07.07.2018

Дар маркази намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ

Дар доираи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи рассомон дар бинои фурӯшгоҳи «Дӯстӣ» - рӯбарӯи саристгоҳи нақлиёти мусофиркашон ташкил карда шуд.

Рафҳои толор аз маҳсули дастии ҳунармандон фаровон буда, мавзеи тамошову харид аст. Сеҳри ҳунарҳои кешбоф Гулсун Аҳмадова,  муҳрабоф Муяссара Деҳқонова, гаҳворасоз Комилҷон Акрамов, сандуқсоз Суҳроб Зоҳидов, сабадбоф Абдувоҳид Нозиров, йӯрмадӯз Нодира Исмоилова, ҷомадӯз Мунаввара Йӯлдошева, тоқидӯз Шафоат Мамадҷонова, оҳангар Алиҷон Мамадҷонов ва дуредгару челогарони моҳир қалби тамошобинонро ба ваҷд меорад.

Хонаи рассомон боз як олами дигар аст. Мусаввараҳои рассомони мониқалам – бародарон Абдувоҳид ва Зикрулло Абдуллоевҳо ва фарзанди Абдувоҳид - Бунёдҷон, ки ба қатори ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ шомил аст, тасвири ҳаётист. Мусаввирон бештар аз манзараҳои зебои диёр илҳом мегиранд, ки дар офаридаҳояшон гулдухтарони тоҷик бо либоси зебандаи миллӣ ва табиати зебои диёр хеле табииву назаррас тасвир ёфтааст.

Умед аст, ки ин ҷо ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сайёҳони Канди куҳан табдил ёфта, аз дастранҷи ҳунарашон Конибодом чун шаҳри ҳунармандон дар хотирҳо боқӣ мемонад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                  Марҳабо Муллоҷонова

Возврат к списку новостей