Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

336411
Сегодня
250
На этой неделе
3516
В этом месяце
12530
Итого
336411
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

13.06.2018

Шукрро фаромӯш накунем!

Баъзан ҳангоми суҳбату мулоқотҳо бо мардум  ҳиссиёте фаро мегирад, ки гӯё баъзеҳо мутаассифона, таърихи начандон дурамон, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд.

Соли 1992, қасри Арбоб, Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олӣ, оши оштӣ.

Соли 1997, Москва, ба  имзо расидани созишномаи  сулҳ миёни тоҷикон. Саросар вазъи ноором, парешониву хавотирӣ ва  танҳо умед ба фардои нек!

Гарчанде, дорои таърихи қадиму тӯлонӣ ҳастем ва ҷонбозиҳои Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, хонаводаи  Сомониён бароямон дарси бузург аст, боз ҳам гоҳо ношукрӣ мекунем.

Ҳаким Фирдавсӣ  фоҷеаи миллатро дар образҳои Рустаму Сӯҳроб ҷовидона сабт карда, аз ҷумла фармудааст:

               Ба Яздон, ки гар мо хирад доштем,

               Куҷо ин саранҷоми бад доштем.

Абулмаонӣ Мирзо  Абдулқодири Бедил низ пас аз чанде зикр намуда:

 

    Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо  нарафт,

    Кард Бедил илмҳои беамал моро хароб.

 

Баъди чунин дарсҳои бешумори таърих боз ҳам баъзан носипосӣ мекунем.

Як ба хотир оваред, солҳои 1941-1945, Ҷанги Бузурги Ватанӣ.  Империяи бузурге, ки дорои 15 ҷумҳурӣ буд, танҳо баъди  20-25 соли ҷанг  қоматашро рост кард.

Дар Тоҷикистони мо пас аз ҷангҳои тӯлонии солҳои 90-ум  танҳо дар 27 соли соҳибистиқлолӣ ин қадар ободиҳо, пешравиҳо, сарсабзиву  шукуфоиҳо.

Лекин, чанд нафар боз носипос, боз ношукр!

Устод Акбар Турсун  дар яке аз навиштаҳои хеш  динро ҳомии одоби суннатӣ номида, таъкид мекунанд, ки дин рисолати рӯҳониву маънавӣ дораду бас!

Мутафаккири барҷастаи араб Ибни Ҳалдун низ ҳанӯз 700 сол пеш зикр намудааст, ки: “Уламои қуръоншинос дар идораи давлат оҷизанд.”

Шодравон Лоиқ Шералӣ низ беҳуда нагуфта:

      На бар онем, ки ислом нишинад бар тахт,

      Мо бар онем, ки ислом саломат бошад!

 

Ин ҷо гуфтаҳои худи Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммадро низ метавон овардан.

Ба суоли “Он чист, ки  аз намозу рӯзаву садақа фозилтар?”

Расули Акрам (с) посух додаанд: “Сулҳ овардан миёни мусулмонон!”

Бинобар бояд бар он кӯшем, ки дини мубини ислом эътиқод ва  манбаи покизагии ҳаётамон бошад, зеро худ аслу ҳикмати  ислом пеш аз ҳама, ташаккули инсони солеҳу бохирад аст.

Натиҷаи сиёсати дурусту бомароми роҳбарияти мамлакатамон нисбати дини мубини ислом ин зиндагии осудаву аҳлонаи муъмину мусулмонон, риояи озоди ҳамаи маросиму суннати исломӣ, фаъол будани зиёда аз чор ҳазор масоҷид, аз ҳама муҳим сулҳу оромӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони кишвар аст.

Пиёда намудани чунин сиёсат беҳуда нест ва ҷангҳои мазҳабии ДИИШ, нооромиҳои  Сурия, Ироқ, Афғонистон дар ин вазъияти муташанниҷи ҷаҳонишавӣ барои тамоми сайёра дарс аст.

Ва бешубҳа, маълуму равшан аст, ки омили асосии рушду пешрафти ҳар давлату миллат  тинҷиву оромист.

Академик Акбар Турсон дар идомаи андешарониҳои хеш зикр мекунанд, ки дар сарҳади давлатҳои қирғизу қазоқ муҷассамаи шукӯҳмандеро дидаанд, ки дар он бо маънии узр аз насли пасин барои  он, ки ҷангу хунрезиро пешгирӣ карда натавонистаанд, навиштаҷоте сабт шудааст. Узр бо сабаби пешгирӣ карда натавонистани хунрезӣ!   Андеша мебояд!

Ҳамватанони азиз!

Биёед, аз дирӯз омӯзем,  имрӯз хуб зиндагӣ кунем  ва ҳатман ба фардо умед дошта бошем! Шукргузору сипосманд бошем!

Шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлатему дар фазои сулҳу субот ҳаёти осоишта дорем!

Шукрро фаромӯш накунем!

 

Баҳодур Маҳмудов,  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр

Возврат к списку новостей