Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

383284
Сегодня
214
На этой неделе
4267
В этом месяце
25050
Итого
383284
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

13.06.2018

Бетарафу бепарво набошем!

Имрӯз дар айёми ба ҳам омадани тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба густаришу паҳншавии экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дарвоқеъ, зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Ин мафҳумҳо падидаи нав набуда, экстремистону террористон мақсаду ҳадафҳои хешро тавассути зӯроварӣ, тарсу ваҳм ва куштор амалӣ менамоянд.

Дарки нодурусти озодӣ ва демократия боиси он гардид, ки баъзе гурӯҳҳо, хусусан, ҷавонон аз пайи ҳавою ҳавас ва пулу сарват бо ташвиқоту тарғиботи бардурӯғи ифротиён ба доми фиреб афтода, даст ба амалҳои ношоиста ва ҷиноят мезананд!

Барои пешгирии чунин ақидаҳои ихтилофангез тамоми ҷомеа,   бахусус нақши ходимони дин дар ҳидоят ва нишон додани роҳи рост ва бартарияти мазҳаби Ҳанафӣ назаррас аст. Ходимони дин бояд ба мардум, хосатан ба ҷавонон фаҳмонанд, ки амалҳои нангини аз тарафи гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» аз номи ислом содиршаванда ба муқобили худи ислом аст. Дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ хадамотҳои махсуси кишварҳои ғарб ё гурӯҳҳое, ки душмани исломанд, тавонистанд дар байни мусалмонон ихтилоф андохта, онҳоро ба муқобили ҳамдигар барангезанд. Равшан аст, ки равияҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ дар ниқоби ислом мехоҳанд кишварҳои мусалмонӣ ҷангзадаву харобу валангор бошад. Ҳодисаҳои мудҳиш, парокандагӣ ва амалҳои террористӣ дар Ироқ, Сурия, Афғонистон ва дигар кишварҳо бояд барои мардум дарси ибрат бошад.

Дар ин раванд ақидаи асосии равияи салафия чуноне ки пайравонашон собит намудаанд, таблиғи терроризм ва экстремизм буда, бештар миёни ҷавонону наврасон ташвиқ мегардад. Бахусус, ҷавононе, ки дониши кофӣ надоранд ва ё аз асосҳои динӣ бехабаранд, бо ҳар роҳу восита барои фарогирии ақидаҳои салафӣ ҷалб карда мешаванд.

Саркардагони равияи мазкур ҳаводорону мухлисони худро одатан аз кишварҳои ҷангзада ё аз кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи зиндагии мардум баланд нест, ҷалб намуда, фарҳанги бегонаро тарғиб менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз экстремизм ва терроризми диние, ки дар шакли «Давлати исломӣ» зуҳур карда истодааст, муаммои ҷаҳонӣ аст. Ин хатар бештар ба ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта низ таҳдид дорад.

Дар замони пешрафти илму техника ҳар шахси солимфикр аз тариқи интернет метавонад маълумот пайдо кунад, ки маънои аслии ҷиҳод барои зиндагии созгор саъю талош ва ҷидду ҷаҳд кардан аст. Ҷиҳоде, ки ифротиён пешниҳод мекунанд, худкушӣ аст.

Маълуму равшан аст, ки муносибати имрӯзаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба дин хеле дурандешона аст. Зеро ба тариқи расмӣ маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя барои 32 милён аҳолӣ - 2 ҳазору 50 адад масчид, дар Қазоқистон барои 17 милён аҳолӣ - 2 ҳазору 320 адад, дар Қирғисистон барои 5,7 милён аҳолӣ - 2 ҳазору 200 адад, дар Туркманистон барои 5,2 милён аҳолӣ - 400 адад масчид фаъолият доранд. Дар кишвари  мо бошад, барои ҳамагӣ 9 милён аҳолӣ 4 ҳазор адад масоҷид амал мекунад ва ин нишондиҳанда бори дигар исбот менамояд, ки барои мардуми мо фазои мусоиди динӣ ҳамаҷониба  фароҳам оварда шудааст.

Моро танҳо зарур аст, ки ба масъалаи зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии насли ҷавон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни онҳо  тақвият бахшем.

Дар ин самт таваҷҷӯҳи махсус дар навбати аввал ба кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дода шавад, зеро ҷавонони мо асосан дар хориҷи кишвар аз ҷониби тарғибгарон гумроҳ карда мешаванд.

Муҳим аз ҳама, аз байн бурдани муаммои ҷомеаи имрӯза - бетарафиву бепарвоӣ нисбати ин масъала вазифаи аввалидиндараҷа буда, тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар ҳалли он саҳмгузор бошанд.

Мо танҳо дар натиҷаи ҳамкориву робитаи зич ва аз як гиребон сар баровардан метавонем, сулҳу оромиро дар кишварамон таҳким бахшем.

Ба хотири фардои неки ин ватану фарзандонамон ҳар фарди бонангу номусро бетарафиву бапарвоӣ нашояд.

 

Баҳодур Маҳмудов ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей