Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

383284
Сегодня
214
На этой неделе
4267
В этом месяце
25050
Итого
383284
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

12.06.2018

Пешвои миллат, Ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллӣ

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз халқи сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистон бисту якумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ таҷлил мекунад. Ин рӯзи таърихӣ, воқеан, ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

Фаҳмиши ваҳдат аз қадимтарин давраҳои ҷомеаи инсонӣ ибтидо гирифтааст. Зарурати ваҳдат дар раванди шаклгирии қабилаҳо ва шиддатёбии низоъҳои байни онҳо барои ҳифзи бехатарии аъзои қабила, ки ҳамбастагии зичашонро тақозо дошт, ки баъдан ба иттиҳодияҳои қабилавӣ ва аз он баъд омили асосии ифоқаю ваҳдат будааст. Ба омилҳои халқиятро муайянкунанда, назири ҳамзабонӣ, ҳамҳудудӣ, ҳамбастагии психологию фарҳангии дар тӯли асрҳо инкишофёфта, боз омили дигар мутамарказии иқтисодӣ зам мешавад, ки ба ташаккули миллат асос мегузорад. Аз ин ҷост,  ки худшиносӣ ва ҳувиятӣ миллӣ низ аз ваҳдат ибтидо мегирад.

Мафҳуми ваҳдатро бо кадом забоне, ки ном барем, омили манфиатбахшии он тағйир намеёбад. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ воҷаи «ваҳдат» маънои «ягонагӣ», «як будан»-ро дорад. Ин мафҳуми дунявии ваҳдат аст. Шояд ба ҳамин маъно бошад, ки мавлоно Ҷомӣ фармудаанд:

              Як ҷӯй Ҷомӣ, ду ҷӯӣ макун,

              Ба майдони ваҳдат дугӯӣ макун.

Дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсоси ваҳдат буд, ки имкониятӣ раҳоӣ аз тобеияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлати тоҷиконро дар замони Сомониён фароҳам овард. Дар тӯли таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамонӣ аҷнабиён, ивазшавии силсиласулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буд. Вале гардиши таърих моро ба эҳёи давлатдории навин расонд. Табиист, ки нигаҳдошти ин атои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт. Роҳ ба сӯи он ниҳоят фоҷиабору шадид сурат гирифт.

Ба Пешвои миллат лозим омад, то дар қатори садҳо масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини энергетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ боз садҳо кору ташвиши дигарро дар назар дошта, роҳи ҳалли онҳоро ёбанд. Таъмини ваҳдати комил низ бевосита ба ҳалли ин масоил вобаста буд.

Дар ҳама ҳолат бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки ваҳдат фаҳмиши хеле васеъ дошта, масъулияти  зиёдеро талаб мекунад. Мо ваҳдати миллӣ гуфта, бояд танҳо ваҳдати тоҷиконро дар назар надошта бошем. Ваҳдат барои ҳама мисли обу ҳаво зарур буда, бояд чун ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ҳамтақдирии тамому миллату халқиятҳои кишвар фаҳмида мешавад.

Бешубҳа, ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерую тавони нав бахшид, дар ҳар сокини кишвар шӯълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва дилҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодию фараҳ гардонд. Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтаммадуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд. Имрӯз дар муқоиса бо парокандагиву нифоқ, ки таҷассумгари фоҷиаву мусибатҳост, мазмуну моҳият ва ваҳдати миллӣ ба нақди ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони мо бадастомада, дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари паркандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки муттаҳид шавем, ватанамонро соҳибу обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизро таъмин гардонем.

Аз ин рӯ, ҳарчӣ бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани фазои сиёсии мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст. Бо назардошти ин зарур аст, ки мардуми мо, алалхусус, ҷавонони кишвар андешави сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувиятӣ миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.

 

Омӯзгори МТМУ№54  Саидова М.

 

Возврат к списку новостей