Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

634000
Сегодня
89
На этой неделе
669
В этом месяце
4609
Итого
634000

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 22.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –83,3 %, Пӯлотон – 88,6%, Ғ.Ортиқов – 89,0%, Р. Ҳамробоев – 109,0%, Э.Шарифов – 92,7%, А.Лоҳутӣ –89,8%. Ҳамагӣ: 94,5%

08.06.2018

Мижгона ғолиби озмуни байналхалқии «Эҷодиёти бачагона»

Дастпарвари мактаби санъати бачагонаи шаҳр, донишҷӯи соли аввали Консерваторияи миллии ҶТ Мижгона Иброҳимова дар озмуни байналхалқии эҷодиёти бачагонаи «Босторғай», ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, бо маҳорати хоса иштирок ва баромад намуд. Дар озмуни мазкур аз кишвари мо 3 нафар ширкат варзиданд.

Чӣ тавре иттилоъ пайдо намудем, дар озмун аз 22 давлат кӯдакону наврасони аз 5 то 18-сола ширкат варзида,  дар алоҳидагӣ мувофиқи синну сол аз рӯи эҷодкориву санъатварӣ сабқат намуданд. Озмун аз рӯи чанд намуд- хондани сурудҳои вокалӣ, халқӣ, навозандагӣ, ҳунари хореографӣ сурат гирифта, дӯстдорони санъатро аз байни хурдсолон ҷамъ намуд ва дар як бахш ҷамъбаст шуд.

Мижгона Иброҳимова дар бахши хондани сурудҳои халқӣ бо пешниҳоди 2 суруди беҳтарин – «Чоргоҳи чор», оҳанги халқ, шеъри Зебуннисо ва суруди «Қишлоқи Шумо» -шеъри халқ, оҳанги Зиёдулло Шарифӣ байни ҳамтоёни худ мақоми аввалро соҳиб гашта, бо дипломи дараҷаи 1 ва медал сарфароз гардид.

                              Парвина Абдуллоева

 

 

Возврат к списку новостей