Посетители
14.02.2018
Ташкили ҳафтаҳои фаннӣ бо мақсади рушди касбомӯзии ҷавонон
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» силсилаи тадбирҳо андешида шуда, мунтазам ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида мешавад.
Бо мақсади хубтар ба роҳ мондани сатҳи таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон, бештар намудани завқи онҳо ба касбомӯзӣ аз санаи 12 феврал ҳафтаи фанҳои кафшергари газию барқӣ оғоз гардида, субҳи имрӯз дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ хонандагони гуруҳҳои кафшергарӣ баромад намуданд. Зимни баромадҳо оид ба мақсад ва аҳамияти касби кафшергарӣ маълумот дода шуда, аз нозукиҳои касб сухан рафт. Касбомӯзон кафшер кардани якчанд намуди маҳсулотро ба таври амалӣ пешкаш намуданд. Аз ҷумла, омода намудани панҷараҳои замонавӣ, мизу курсиҳои мактабӣ, пояҳои гулмонӣ ва ғайра нишон дода шуд.
Ҳафтаи фанни кафшергари газию барқӣ идома ёфта, бо гузаронидани викторинаҳо, мизҳои мудаввар ва санҷишҳои зеҳниву амалӣ поёни ҳафта ҷамъбаст хоҳад шуд.
Мавзӯъро пайгирӣ мекунем.
Дафтари матбуоти раиси шаҳр
Новости сайта Президента республики
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?