Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

252623
Сегодня
477
На этой неделе
3335
В этом месяце
8152
Итого
252623
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун ************* Ба диққати шаҳрвандон

13.02.2018

Идомаи вохӯриҳо бо бошандагони кумитаҳои маҳаллӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии гуруҳи корӣ бо сокинони маҳал идома дорад. Имрӯз чунин вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Куйбишев доир гашт.  Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Адиба Неъматова, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Боҳирҷон Шарипов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Парвина Абдуллоева, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Алиҷон Исмонов, мудири бахши Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ дар шаҳри Конибодом  Шуҳрат Ортиқов ширкат варзида, вобаста ба мавзуъҳои муҳими рӯз баромад намуданд.

Нахуст мутахассиси шуъбаи ташкилӣ оид ба кор бо кумитаҳои маҳаллӣ Алиҷон Исмонов ба сухан баромада, ҳадафи баргузории вохӯриро шарҳ дод. Баъдан раиси кумитаи маҳалла Бобоҷонова К. дар назди ҳозирин бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, оид ба фаъолияти кумитаи маҳалла дар давоми соли 2017 маълумот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки маҳаллаи мазкур кӯчаҳои Куйбишев, қисман кӯчаи ба номи С.Айнӣ ва Ю.Ёдгоровро фаро гирифта, 210 адад хоҷагиро дарбар мегирад. Сокинонаш зиёда аз 1220 нафарро ташкил дода, аз он 140 нафар нафақахӯрон мебошанд. 17 хоҷагӣ, яъне 181 нафар алҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Давоми соли сипаригашта дар ҳудуди маҳал зуҳуроти номатлуб рух надода, сокинон сарҷамъона дар ободониву сарсабзӣ ҳисса гузоштанд. 4 нафар фарзандон аз маҳалла ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор гаштанд, ки аз дуруст ба роҳ монда шудани тарбияи ватандӯстии ҷавонон дарак медиҳад. Ҳамчунин, аёдати собиқадорон, барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат мунтазам доир карда шуд, - зикр гардид дар маърӯзаи раиси маҳалла.

Баъдан намояндагони сохторҳо низ баромад намуда, аз ҷумла, оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандон, ба ҷойҳои нави корӣ ва касбомӯзӣ ҷалб намудани бекорон, расонидани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ташкили мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ғайраҳо сухан ронданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей