Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

252623
Сегодня
477
На этой неделе
3335
В этом месяце
8152
Итого
252623
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун ************* Ба диққати шаҳрвандон

13.02.2018

Паёми Раиси шаҳр бахшида ба солгарди баровардани кушунҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ

Муҳтарам ҷанговарони байналмилал!

Ҳамасола санаи 15 феврал аз ҷониби мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ - солгарди хуруҷи қӯшунҳо аз марзи Афғонистон қайд мегардад.

Ба ин муносибат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шумоён, фарзандони  шуҷои Ватанро самимона табрику таҳният менамояд.

Дар он айём  наздик чаҳорсад нафар ҷавонмардони шуҷоъву  далери шаҳрамон низ, дар қатори  ҳазорҳо нафар фарзандони содиқи Ватан  бо амри виҷдон ва эҳсоси гарми ватандӯстию меҳанпарастӣ дар набардҳои оташин баҳри барқарор намудани сулҳу оромӣ дар кишвари Афғонистон ва минтақа иштирок намуда, матонату мардонагӣ нишон додаанд.

Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем, ки ҳангоми адои қарзи муқаддаси интернатсионалистӣ ёздаҳ нафар фарзандони баору номуси диёрамон баҳри саодати мардуми афғон ва пойдории сулҳу субот ҷони худро нисор намуданд, ки бо ин амали шуҷоатмандонаашон номи худро дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин ҷовидона сабт намуданд.

Мавриди зикр аст, ки пас аз баргаштан ба зиндагии осоишта низ, Шумоён, фарзандони асили Ватан дар радифи пешоҳангони ҷомеа баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва дар корҳои созандагиву бунёдкорона  саҳми босазо мегузоред.

Шумоён матонату  садоқати хешро нисбати халқу Ватан дар солҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар кишвар, ҳангоми дифоъ намудан аз Ҳукумати қонунӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии азизамон бори дигар собит намудед.

Роҳбарияти шаҳр аз он қаноатманд аст, ки Шумоён чун ашхоси корозмудаву ботаҷриба дар як саф бо собиқадорони ҷангу меҳнат тавассути фаъолияти назарраси ҷамъиятиатон баҳри ободии Тоҷикистони азиз ва осоиштагии рӯзгори сокинон пайваста кӯшишу  талошҳо карда, дар раванди бунёдкориву созандагиҳо ҳиссаи сазовор доред.  Саҳми Шумоён бахусус дар тарбияи насли наврасу ҷавони ҷомеа дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва худшиносиву худогоҳии миллӣ басо назаррас аст.

Дар ин лаҳзаҳои  бароятон хотирмону фаромӯшнопазир бори дигар, Шумоёни гиромиро ба муносибати ин санаи таърихӣ сидқан муборакбодӣ намуда, ба ҳар яки шумо ва аҳли хонаводаатон сиҳатмандии комил, хушбахтиву хонаободӣ  ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандем.

 

 

                  Бо эҳтиром,  раиси шаҳр                        Ғ.Боҳирӣ

Возврат к списку новостей