Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

638940
Сегодня
97
На этой неделе
1061
В этом месяце
3463
Итого
638940

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

12.02.2018

Шиносоӣ бо фаъолияти маркази истеҳсолии «Ганҷина»

Дар Паёми навбатӣ бо иқдоми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.   Бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои Паёми навбатӣ ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои дар он зикршуда, дастгирии занони ҳунарманд, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон эҳё гардида, тавассути коргоҳҳои истеҳсолӣ занону бонувон ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.  Тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  ҳафтаи сипаришуда раиси ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов  Саидӣ Б., муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Холматова Х. ва коргузори САҲШ-и ҷамоат Мӯъминова Н. бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои адрас аз фаъолияти кории Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ганҷина”–и ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов дидан намуданд.  Маълум гашт, ки дар маркази мазкур бо роҳбарии Ҷӯраева Санавбар ва 15 нафар духтарон бо касби адрасбофӣ ва 15 нафар духтарон бо касби дӯзандагӣ машғуланд.  Шогирдони марказ ҳангоми сӯҳбат дархост намуданд, ки барои кушодани бахши кулинарӣ ва барои харидорӣ намудани як адад тафдон мадад расонида шавад. Дархости онҳо аз тарафи раиси ҷамоат дар рӯзҳои наздик қонеъ хоҳад шуд.

Ҳамчунин ҳангоми вохӯрӣ бо ҳунармандон оид ба мазмун ва нуқтаҳои асосии  Паёми Сарвари давлат сӯҳбат гузаронида шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей