Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

317724
Сегодня
288
На этой неделе
798
В этом месяце
11602
Итого
317724
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

10.02.2018

Мулоқоти хонандагон бо Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Обидов Нуъмонҷон

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 мулоқоти хонандагон бо собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, генерал-майори адлия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, Корманди фахрии Прокуратураи генералӣ, инсони шариф,  хатмкунандаи ин даргоҳи илм, Обидов Нӯъмонҷон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси шаҳр Боҳирӣ Ғ. Н., раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ А.Бобоҷонзода, муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр И.Юсупов, собиқадорон, ҷомеаи омӯзгорону хонандагони мактаб ва пайвандони Нӯъмонҷон Обидов иштирок намуданд.

Нахуст хонандагони мактаб ҳозиринро бо зиндагиномаи ибратбахши устод оншо намуданд. Қайд карда шуд, ки Н.Обидов фаъолияти кории хешро ҳанӯз дар соли 1962 ба ҳайси муфаттиши оддӣ оғоз намуда, тавассути талошҳои пайваста, тадриҷан, ҳама зинаҳои фаъолияти прокурориро паси сар карданд ва то ба дараҷаи прокурори як вилояти калони ҷумҳурӣ расидаанд. Заҳматҳои Н.Обидов бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медали «Барои меҳнати шоён», ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, рутбаву  унвонҳои ифтихории генерал-майори адлия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон ва Корманди фахрии Прокуратураи генералӣ қадрёбӣ шудааст.

Аз тарафи муҳассилин композитсияи адабӣ ва суруду навоҳои дилпазир иҷро карда шуд.

Баъдан  Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр И. Юсупов, Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ А.Бобоҷонзода,  Собиқ Прокурори шаҳр Савриддинзода Абумуталиб, собиқадори меҳнат Р.Инъомӣ ба сухан баромада, аз фаъолияти пурбаракат ва ҳаёти ибратпазири устод ёдоварӣ намуда, соҳибҷашнро бо ҷашни 80-солагӣ табрик гуфтанд.

Иштирокдорон баргузории чунин чорабиниҳоро барои тарбияи насли наврас басо муфид  арзёбӣ намуданд.

Дар воқеъ доир гаштани суҳбату мулоқотҳо бо собиқадорон ва шахсон барӯманди диёр омили пешрафти ҷомеа, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ буда, маҳз тавассути хизматҳои шоистаи чунин инсонҳои фидоӣ, ҳамчунин дар даврони Истиқлолияти давлатиамон низ таъмини волоияти қонун, пойдории сулҳу субот, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъмин гардида истодааст.

Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони шаҳр рӯи кор омада, мунтазам идома меёбад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей