Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

638940
Сегодня
97
На этой неделе
1061
В этом месяце
3463
Итого
638940

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

09.02.2018

“Созандагони Ватан” –пайравони Пешвои миллат

Дар маркази маърифатии “Олимиён” бо иштироки ҷавонони фаъоли шаҳр ҷаласаи ҷамъбасти солонаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки дар назди КИШ ҲХДТ амал менамояд, доир гашт. Дар ҷаласа муовини раиси КИШ ҲХДТ Х.Холматова, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр П.Абдуллоева,  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр И.Комилов ширкат варзиданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нахуст роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Акмал Шарифов ба сухан баромада, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Баъдан доир ба ҳадафҳои ташкилот маълумот дода, ҷавононеро, ки нав ба сафи ҳизб пайвастаанд, бо Оинномаи ташкилот ошно намуд. Тазаккур дод, ки “Созандагони Ватан” чун пайравони Пешвои миллат дар тарғиби сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳиссагузорӣ менамоянд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар” сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр П.Абдуллоева баромад намуда,  аз ҷумла, нуктаҳои асосии Паёмро вобаста ба самти ҷавонон иброз дошт.

 

 

 

 

 

 

Тибқи масъалаи сеюм нақшаи кории Ташкилот барои соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина ба ҳайати ташкилот ду нафар ҷавонони фаъол омӯзгори коллеҷи омӯзгорӣ Ш.Хидирова ва омӯзгори мтму№26 Ғафурҷон Баротов ба сифати муовинони роҳбари ташкилот интихоб шуданд. Ҳамчунин, бо фаъолияти бахшҳои ташкилот, аз қабили бахши ватанпарастӣ, иттилоотӣ, аёдатӣ ва ғайра ҳозирин огаҳӣ пайдо карда, чанд нафар ҷавонони серғайрат аз коллеҷу литсейҳои касбӣ барои роҳбарии ин бахшҳо интихоб гардиданд.

Дар ҷараёни маҷлис мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр И.Комилов низ сухан ронда, аз ҳамкории пайвастаи намояндагони Ташкилот бо бахши ҷавонон ва варзиш ҳарф зад. Зикр кард, ки бахши ҷавонон минбаъд низ ҳамкориро пурзӯр намуда, дар ташкилу баргузории чорабиниҳои судманд бо ҷавонон саҳмгузорӣ менамоянд.

Муовини раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Х.Холматова баромад намуда, аъзоёни ташкилотро ба фаъолӣ ва собитқадамӣ даъват кард. Қайд кард имрӯз, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои ҷавонон шароитҳо фароҳам омадааст, бояд аз имконот фаровон истифода бурда, дар пешрафти Ватани маҳбуб саҳмгузор бошанд.

Пас аз фарҷоми қисмати расмии чорабинӣ байни ҷавонон маҳфили мубоҳисавӣ доир гашт. Зимни маҳфил роликҳои тарғиботӣ намоиш дода шуда, ҷавонон дар атрофи мавзуъҳои намоишдодашуда андешаронӣ карданд.

Дар ҷараёни намоиши маводҳо ва ақидарониҳо диққати ҷавонон- созандагони Ватан асосан ба муаммоҳои мавҷудаи ҷавонон, аз қабили падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳо ва саркашии ҷавонписарон аз хизмати ҳарбӣ ҷалб карда шуда, баҳри ҳалли онҳо пешниҳодҳо дода шуд.

Чорабинӣ хотирмон анҷом ёфта, баргузории маҳфилҳои навбатии ташкилот ҳар семоҳа ба нақша гирифта шуд.

 

Возврат к списку новостей