Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

240771
Сегодня
91
На этой неделе
1538
В этом месяце
10759
Итого
240771
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун

10.01.2018

Мулоқотҳо доир ба Паёми Пешвои миллат

Ҷаласаи навбатӣ бо иштироки ҳайати гуруҳи корӣ ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.

Мулоқотро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабов Равшан Муҳитдинович дар назди  ҳозирин баромад намуда, вобаста ба нуктаҳои асосии Паём, бахусус масоили мубориза зидди терроризм, амнияти озуқаворӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бонкӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, энергетика, мубориза алайҳи коррупсия сухан  ронд.

Баъдан мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фурқат Ҳамидов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов низ дар атрофи Паём андешаронӣ карда, асосан оид ба сиёсати хориҷии кишвар, ки дар Паёми имсола дар мадди назари аввал қарор гирифта буд, ҳарф заданд.

Иштирокдорони мулоқот дар навбати худ ҳамовозии хешро ба Паёми имсола иброз дошта, қайд карданд, ки дар пиёда сохтани нуктаҳои он якҷоя софдилона меҳнат намуда, сиёсати давлатро амалӣ мегардонанд.

Баргузории мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей