Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

634001
Сегодня
90
На этой неделе
670
В этом месяце
4610
Итого
634001

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 22.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –83,3 %, Пӯлотон – 88,6%, Ғ.Ортиқов – 89,0%, Р. Ҳамробоев – 109,0%, Э.Шарифов – 92,7%, А.Лоҳутӣ –89,8%. Ҳамагӣ: 94,5%

09.01.2018

Оғози вохӯриҳои гуруҳи тарғиботӣ ҷиҳати шарҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат

Оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вакилони мардумӣ, сиёсатмадорон, собиқадорони меҳнат ва таблиғотчиён гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ҳайати гуруҳи корӣ мулоқоту вохӯрӣ доир намуда истодаанд. Аз ҷумла, аз пойтахти кишвар ба шаҳри Конибодом низ як гуруҳи калони корӣ ташриф оварда, бо сокинон мулоқот меороянд.    

Нахустин мулоқот бо сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ шуруъ гардида,  дар маркази ҷамоат доир шуд.  Дар ҳайати гуруҳи корӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабов Равшан Муҳитдинович, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода, Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фурқат Ҳамидов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода шомил буда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти кишвар суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки дар Паёми Пешвои миллат нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ироа гардид ва зикр шуд, ки дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.

Вохӯрӣ, ки бо иштироки васеи сокинони ҳудуди ҷамоати номбурда баргузор гардид, басо самимиву судманд сурат гирифта, аҳолӣ доир ба нуктаҳои асосии Паём маълумоти бештар пайдо намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей