Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

240771
Сегодня
91
На этой неделе
1538
В этом месяце
10759
Итого
240771
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун

05.01.2018

Мулоқоту вохӯриҳо оид ба муҳокимаи Паём

Ҷиҳати шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №36-и Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов бо омӯзгорон мулоқот доир карда шуд. Дар он Раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳизб Шарипов Акмал иштирок намуданд. Бобоҷонзода А.Т дар баромади худ ба омӯзгорон муроҷиат намуда, оид ба Паёми навини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ» суханронӣ намуд. 
Ҳамзамон, таъкид кард, ки эълон гардидани «Соли 2018 –Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хеле бамаврид мебошад, ки муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ боло хоҳад шуд. Ба иштирокдорон таъкид намуд, ки дастур ва супоришҳои Паёми солонаро дар амал татбиқ намуда, фаъолият ва донишу малакаи худро ба харҷ диҳанд. Дар фарҷоми мулоқот ба 14 нафар омӯзгорони ҷавон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд ва иштирокдоронро бо Соли нави мелодии 2018 табрик намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей