Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

220302
Сегодня
267
На этой неделе
2114
В этом месяце
7340
Итого
220302
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

17.11.2017

Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи сарнавиштсоз дар коллеҷи омӯзгорӣ

25-умин солгарди Иҷлосияи сарнавиштсоз ва Рӯзи Президенти ҶТ-ро ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ таҷлил намуданд.

Ба ин муносибат дар ин муассисаи таълимӣ конфронси илмию адабӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндаи маыомоти иҷроияи ҳокмимитяи давлатии шаҳр Баҳодурҷон Маҳмудов, муовини раиси КИШ ҲХДТ Хуршедахон Холматова ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.

Конфронси мазкур бо ташаббуси омӯзгорони фанни таърих ташкил карда шуда, якчанд маърӯзаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, омӯзгори фанни ҷомеашиносӣ Абдураҳмон Исмоилов дар мавзӯи «Эъломияи Истиылолияти ҶТ», омӯзгори фанни таърих Ҳусния Обидова дар мавзӯи «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии ҶТ» ва омӯзгори фанни таърих Шаҳноза Хидирова дар мавзӯи «Пешвои миллат-раҳнамо ва ҳомии ҷавонон» маърӯзаҳои ҷолиб пешкаш карданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо аз аҳамияти Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз, масъалаҳои дар он баррасишуда, хизматҳои Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии Ватан, тараққиёти босуръати мамлакат ва рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халы сухан рафт.

Пас аз муҳокимаи маърӯзаҳо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодурҷон Маҳмудов ва муовини раиси КИШ ҲХДТ Хуршедахон Холматова баромад намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли муассиса Ифтихорномаҳо таыдим намуданд.

Сипас донишҷӯёни коллеҷ барномаи рангини адабиро пешкаши ҳозирин гардониданд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей