Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

220300
Сегодня
265
На этой неделе
2112
В этом месяце
7338
Итого
220300
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

17.11.2017

Таҷлили Рӯзи Президент ва 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат

Бахшида ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз ва Рӯзи Президенти ҶТ дар литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр конфронси илмӣ-адабӣ доир гашт.

Дар кори конфронс роҳбарияти шаҳр, сарварони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, ҷавонон ва фаъолони  соҳаҳои мухталиф ширкат варзиданд.

Нахуст иштирокдорони конфронс филми кутоҳмуддати «Марде аз сарнавишт»-ро, ки аз корномаву ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат дар эъмори сулҳи тоҷикон нақл мекард, тамошо намуданд.

Конфронс таҳти роҳбарии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонзода сурат гирифт. Удар сухани ифтитоҳии хеш аз ҷасорату матонати ин марди хирад ва сиёсати дурандешонаву некбинонаи Президенти ҶТ, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад.

Баъдан муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, ҳамагонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати 25-умин солгарди рӯзи баргузории Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз ва Рӯзи Президенти ҶТ муборакбод гуфт. Мавсуф зимни суханронии хеш аз ҷумла, зикр кард, ки иҷлосияи сарнавиштсоз дар вазъияти барои миллат басо хатарноку ҳассос ба вуқуъ пайваста, шахсияти мардумиро дар симои Эмомалӣй Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ овард, ки муҳимтарин дастовард маҳсуб меёбад. Зеро ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо руҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуданд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузоштанд. – баён дошт мавсуф.

Маърӯзаи собиқадори меҳнат Каримҷон Ҷӯраев ва омӯзгори ҷавони коллеҷи омӯзгорӣ Шаҳноза Хидирова низ, ки саршори васфи озодиву истиқлол ва шукргузорӣ аз зиндагии шоистаи сокинони кишвар аз баракати Иҷлосияи қисмат буд, ҷолиби диққат гашт.

Дар қисмати адабии конфронс донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва муҳассилини мактабҳо шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин, як гуруҳ хонандагони литсейи кишоварзӣ муҳтавои китобҳои Президентро шаҳр доданд.

Баромади санъаткорони шаҳр дар ситоиши Пешвои миллат, сулҳу ваҳдат ва аҳамияти Иҷлосия анҷомбахши конфронс гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей