Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

383283
Сегодня
213
На этой неделе
4266
В этом месяце
25049
Итого
383283
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

16.11.2017

Фаъолияти ТҶ «Пайроҳаи хушбахтӣ»

Тибқи супориши раиси шаҳри Конибодом дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шуруъ аз моҳи майи соли 2015 Маркази машваратии Ташкилоти Ҷамъиятии «Пайроҳаи  хушбахтӣ» таъсис дода шуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти пешгирии пошхӯрии оилаҳо фаъолият мебарад.

Яъне ҳадафи асосии ин ташкилот пешгирии ҳодисаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон, тарбия ва таҳкими оилаҳо, омӯзонидани фарҳанги оиладорӣ ба ҷавонон, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва дигар масъалаҳои марбут ба оила ва оиладорӣ буда, ба ҳайати он собиқадорон ва коршиносони соҳа, ҳуқуқшиносон, намояндагони дин, омӯзгорони соҳибтаҷриба шомил гардидаанд.    

Бояд зикр намуд, ки  тӯли 2 соли фаъолият ба ин маркази машваратӣ оилаҳои зиёди дар остонаи ҷудошавӣ қарордошта бо арзу шикоятҳои гуногун муроҷиат намуда, машваратҳои судманд гирифтаанд.

Аз ҷумла, дар давоми 10 моҳи соли равон 480 адад муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ карда шуда, аз ин шумора 98 адад ба муросо оварда шуда, дар назорати доимии масъулон қарор доранд.

Инчунин 165 адад таъиноти хусусии маҷлиси суди шаҳрӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ дар комиссияҳои кории ҳамҷояи шуъбаи кор бо занон ва оила баррасӣ карда шуда, аз ин шумора 14 нафар ба муросо оварда шуд.

Бонувоне, ки бо хушдоман, шавҳар ва аъзоёни оилаи шавҳар муносибати хуб надошта, ҷанҷолҳои оилавӣ доштанд, дарсҳои маърифати оиладорӣ гузаронида шуда, ба муросо оварда шуданд.

Ҳамчунин, бо оилаҳои осебпазир ва ҷанҷолӣ мунтазам корбарӣ карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей