Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208601
Сегодня
294
На этой неделе
1930
В этом месяце
10102
Итого
208601
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

13.11.2017

Саҳми соҳибкорон дар ободонии мактабҳо

Чанд нафар хатмкунандагони мтму№4, ки соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ ҳастанд, имрӯз нисбати таълимгоҳи худ ғамхориҳо зоҳир намуда истодаанд. Ин буд, ки имрӯзҳо маҳз бо дастгирии ин хатмкардагонаш мактаб ба таълимгоҳи ободу зебо табдил меёбад. Чи тавре ки сарвари дабистон Марҳабо Абдуллоева мегӯяд, тайи чанд сол аст, ки муассисаро соҳибкори инфиродӣ Ҳилолиддин Содиқов сарпарастӣ мекунад. Соли ҷорӣ низ бо ташаббуси ӯ ва дастгирии кумитаи падару модарон бинои дуошёнаи синфҳои ибтидоӣ, ки аз даҳ синфхона иборат аст, бо хати ягонаи гармидиҳӣ ба маблағи 60 000 (шаст ҳазор) сомонӣ пайваст карда шуд. Моҳи июли соли равон аз ҷониби дастпарвари муассиса Дилшод Мамадов чоҳи амудӣ ба дарозии 33 метр кофта шуд, ки ба ин васила муассиса бо оби доимӣ таъмин гашт. Моҳи август аз тарафи хатмкардагони муассиса Валиҷон ва Мақсудҷон Дадоҷоновҳо ошхона, устохона ва китобхонаи мактаб ба маблағи 44 000 (чилу чор ҳазор) сомонӣ бо 4 адад дар ва 25 адад тирезаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Инчунин девори устохонаи  таълимгоҳ пурра аз таъмир бароварда шуд.

Моҳи октябр шогирди собиқи таълимгоҳ Аҳрорҷон Қобилов дар таъмири ҳавзи муассиса ва панҷарабандӣ кардани он кӯмак намуд. Дастпарвари дигари мактаб Равшан Раҳматзода бошад, панҷ нафар ғолибони олимпиадаҳои фанниро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ ва ифтихорнома ҳавасманд гардонид.

Ин ҳама корҳои басомонрасида ба хотири беҳбудӣ бахшидан ба шароити таҳсил ва сифатнок ба роҳ монда шудани раванди таълиму тарбия равона гардида, воқеан ҳам шоистаи дастгирист.

Ҷомеаи омӯзгорони муассиса бо хушнудӣ аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳр ва дастпарваронаш кӯшиш бар он доранд, ки таълиму тарбияро ба сатҳи баланд бардошта, хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва хештаншисонӣ тарбия намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей