Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208601
Сегодня
294
На этой неделе
1930
В этом месяце
10102
Итого
208601
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

09.11.2017

Табрикоти раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

   Муҳтарам кормандони шуъбаи шаҳрии Вазорати корҳои дохилӣ!

   Шумо ҳомиёни далеру шуҷоъ ва фарзандони содиқи Ватан – кулли кормандони Шӯъбаи Вазорати  корҳои дохилии шаҳрро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи милитсияи тоҷик самимона  табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳативу саломатӣ, бахту саодат ва пирӯзиву сарбаландӣ орзу менамоям. Ҳамзамон, дар ҷодаи хизмати бошарафонаву пурмасъул баҳри ободиву осудагӣ ва фардои дурахшони ватани маҳбубамон барору комёбиҳо таманно  менамоям.          

Воқеан ҳам, мақомоти корҳои дохилӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як ниҳоди муқтадир, боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардида, масъулияти асосӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини суботу оромӣ ва пешгирии ҷинояткориро пурраву мустақилона  бар дӯш дорад. Боиси зикр аст, ки милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолияти хеш баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди  ҷинояткорӣ, безарар кардани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, террористиву экстремистӣ ва ҳамзамон, бетартибиҳои оммавӣ саҳми арзанда гузошта, ҳар як шаҳрванд дар симои корманди милитсия  ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа мебинад.

Равшан аст, ки пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ дар кишвар нахуст тавассути фидокориву мардонагии ҳар яки шумоён таъмин мегардад.

Маҳз бо кӯшишу талошҳои Шумоён, ҳомиёни гиромӣ дар ин сарзамин, дар ин  марзу буми муқаддаси аҷдодӣ осоиштагӣ ҳукмфармо буда, мардуми шарафмандамон бо шукргузорӣ, дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ баҳри ободии  Ватан талошҳо меварзанд.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд:

«Вазорати корҳои дохилӣ аз бузургтарин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст».

Роҳбарияти шаҳр бо қаноатмандӣ изҳор медорад, ки шумоён - фарзандони содиқи Ватан баҳри осоиштагии сокинони шаҳр пайваста заҳмат кашида, хизмати софдилонаатон баҳри суботу оромии ҷомеа дарвоқеъ намунаи ибрат аст.

Чуноне ки маълум аст, мутаассифона набзи сиёсии ҷаҳони муосир ҷомеаро дучори шаклҳои нави муқовимати  низомӣ  намуда,   ҳар лаҳза хатарҳои ба амаломада  метавонад, амнияти ин ё он кишварро халалдор созанд. Имрӯз ифротгароӣ аз ҷумлаи фаъолтарин хатарҳои ҷаҳонист, ки сокинони тамоми сайёраро ба ташвиш оварда, боиси нигаронии ҳамагон гардидааст.

Ва хушбахтона, мо бо такя ба таҷрибаи  нерӯҳои қудратии кишвар бо боварӣ гуфта метавонем, ки  онҳо дар муқобили ҳама гуна  таҳдидҳо сарбаландона  истодагарӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар навбати аввал маҳз шумоён – кормандони муҳтарами мақомоти милитсия - такягоҳи асосии давлат ба шумор рафта, дар таъмини суботу оромии ҷомеа нақши муассир доред. Бинобар он, мардуми кишвар ба шумоён умеду боварии қавӣ дошта,   итминон доранд, ки  минбаъд низ, баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардум содиқона хизмат хоҳед кард.

Соли 2017 барои мардуми кишвари мо соли басо накӯ буда, таҷлили ҷашни бузургу таърихии 25 – солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пеш аст. Алҳол, баҳри сазовор истиқбол намудани ин санаи муборак дар саросари ҷумҳурии азизамон корҳои созандагиву бунёдгароёна идома доранд.

Изҳори боварӣ менамоем, ки дар баробари сокинони шаҳр, аз ҷумла, шумоён - кормандони мақомоти милитсия дар ин ҷода минбаъд низ талош варзида, дар  таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоред. Бо чунин орзуву ниятҳои нек ҳамаи шумоён, мӯҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи  милитсияи тоҷик самимона муборакбод менамоям.

Бароятон сиҳативу саломатӣ,  зиндагии ободу осуда ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи душвор, вале пурифтихори хизматиатон барору пирӯзиҳо таманно менамоям.

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед, ҳомиёни азиз!

Рӯзи милитсияи тоҷик муборак!

 

                     Бо эҳтиром,

                     Раиси шаҳр                                     Ғ.Боҳирӣ

Возврат к списку новостей