Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

383284
Сегодня
214
На этой неделе
4267
В этом месяце
25050
Итого
383284
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

08.11.2017

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик

Дар қасри фарҳанги «Бодом» ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, полковники милитсия Алимардон Маҳмадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Сипас раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо суханони табрикотӣ баромад намуд. Мавсуф кулли кормандони милитсияи тоҷикро бо ин рўзи муборак табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар ҷодаи пешгирӣ кардан ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзу намуд.

Номаи шодбошии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик муовини сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом Иброҳим Раҷабов қироат кард, ки саршори васфи қаҳрамонӣ, муборизаи кормандони мақомот бар зидди гурўҳҳои эсктремистӣ ва саҳми арзандаашон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ буд.

Бо қарорҳои раиси шаҳри Конибодом ва Фармони сардори ШВКД дар ш.Конибодом А.Маҳмадзода як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, медал, рутбаҳои махсус ва мукофоту тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Суруду таронаҳо дар иҷрои санъаткорони шаҳр ва ҳофизони номии ҷумҳурӣ Ҳақназар Ҳукмзод ва Тобиш Ҳилолӣ  анҷомбахши маҷлиси тантанавӣ гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей