Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208601
Сегодня
294
На этой неделе
1930
В этом месяце
10102
Итого
208601
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

07.11.2017

Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии №04080

Дар ин айёми саиду гуворо, ки мардуми шарифи кишварамон дар фазои созандагиву бунёдкорӣ ҷашни таърихии  23-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд,  тантанаи қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарон, ки дар қисми низомии 04080 ба вуқуъ пайваст, рӯйдоди басо муҳим ва фаромӯшнопазир гашт.

Ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайни сарбозон ва афсарону сарбозони қисми низомӣ ширкат варзиданд. Пас аз садо додани суруди миллӣ 100 нафар наваскарон ботантана савгандӣ ҳарбӣ ёд намуданд. Машқҳои гуногуни ҳарбӣ аз ҷониби сарбозон бомаҳорати хоса иҷро карда шуд.

Сипас муовини раиси шаҳр Асрорхон Ғуфронзода сарбозону афсарон ва падару модарони наваскаронро ба ин муносибат   самимона табрику муборакбод намуда, сиҳатмандӣ ва хизмати софдилонаву сарбаландона орзу кард.

Изҳори боварӣ кард, ки ҳамаи онҳое, ки садоқатмандона ба Ватани азизи хеш савганд ёд карданд, ҳамчун ворисони арзандаи насли қаҳрамон ин ватанро дӯст дошта, баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва  ободиву шукуфоии он вафодорона хизматҳои сазовору арзанда хоҳанд кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби худ омода аст, ки барои хизмати осудаи мувофиқи имкониятҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад, то ҳар як сарбоз рисолати муқаддаси худро дар назди Ватан сарбаландона ба иҷро расонида, баҳри ободию шукуфоии кишвари азизи хеш тамоми қувва ва матонатро равона созад.

Муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Иброҳим Раҷабов, командири қисми ҳарбӣ Абдулмуъмин Ассоев, волидайни наваскар Ҷаҳонгули Абдурасул ба сухан баромада, иштирокдоронро ба муносибати солгарди навбатии қабули Конститутсия ва наваскаронро бо савганди ботантанаи ҳарбӣ табрик гуфтанд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар сарбозону афсарони қисми низомӣ Ифтихорнома тақдим гардид.

Баъдан пас аз қисмати расмии чорабинӣ қисми фарҳангӣ оғоз ёфта, аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

      

Возврат к списку новостей