Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

182022
Сегодня
122
На этой неделе
2587
В этом месяце
14003
Итого
182022
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

07.09.2017

Конференсияи ТҶҶ «Созандагони Ватан»: «Мақоми ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ»

Тибқи нақшаи чорабинихои Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бахшида ба Соли ҷавонон  аксияи ҳизбиро таҳти унвони  «Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» роҳандозӣ намудааст.

Санаи 6-уми сентябр дар толори мактаби санъати шаҳри Конибодом конфронс дар мавзӯи «Мақоми ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2017-соли ҷавонон» баргузор гардид. Кори  конфронсро роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» Акмал Шарипов оғоз карда, ҷавононро бо ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон табрик намуд.

Дар конфронс мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳр Валиҷон Дадозода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Заррина Ғафурова баромад намуданд. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар баромади худ перомуни эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” ва қадршиносии ин сол аз тарафи насли ояндасози кишвар иброз ақида намуда, аз ҷумла, чунин гуфт:

“Эълон гардидани “Соли ҷавонон” нишони таваҷҷуҳи дучанди Пешвои муаззами миллат ба ин қишри бунёдкору ояндасоз, дорандагони нерӯи бузурги зеҳнӣ ва пуриқтидору таккондиҳандаи ҷомеа мебошад. Шарипов А. ҳамчунин дар давоми суханрониаш аз беэътиноӣ кардан нисбат ба фарҳанги миллӣ ва рӯ овардан ба одатҳои ғайр изҳори норозигӣ карда афзуд, ки “Агар як миллатро аз байн бурдану кишварро сарнагун кардан хоҳанд, аввал ба фарҳанг ва сипас ба забони он таҳдид мекунанд. Баъзе аз мо низ бинобар надоштани маърифати казоӣ ва дуруст дарк накардани моҳияти ҳуқуқбунёдӣ ва демократии давлат рӯ ба либосҳое, ки ба фарҳангу миллати тоҷик хос нестанд, оварда истодаанд. Аз ҳамин хотир, аз ҳамаи ҷавонони шаҳр  даъват ба амал оварда мешавад, ки бар зидди ин зуҳурот якдилона мубориза барем”- таъкид намуд ӯ.

Вакили Маҷлиси вилояӣ Ғафурова З. вобаста ба зуҳури падидаҳои номатлуб байни ҷавонон далелҳои муътамад овард.

Ҷавонон ваъда доданд, ки ба ин зуҳуроти аср якдилона мубориза бурда, бетараф намешаванд. Ҳамчунин, бо истифода аз шароити мусоиди кишвари соҳибистиқлол пайваста дар пешрафти Ватани маҳбуб саҳмгузорӣ менамоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей