Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208606
Сегодня
299
На этой неделе
1935
В этом месяце
10107
Итого
208606
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

07.09.2017

Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» бо фаъолзанони маҳаллаи ба номи О.Маннонов вохӯрӣ доир гашт. Дар вохӯрӣ судя Раҳматуллозода Беҳрӯз, сардори шуъбаи коргузории суди шаҳрӣ Фахриддинзода Сабоҳиддин, мудири шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Неъматова Адиба ва корманди шуъбаи ташкилӣ ва  кор бо кадрҳои миҳд Исмонов Алиҷон иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст судя Раҳматуллозода Б. оид ба тағйиротҳо ба қонуни танзими анъанот иттилоъ дода, бандҳои алоҳидаи онро шарҳ дод.

Мудири шуъбаи кор бо зан ва оила вобаста ба риояи одоби либоспӯшии шарқиёна аз тарафи духтарону бонувон, тарбияи дурусти фарзандон, таваҷҷуҳ зоҳир намудан махсусан, ба тарбияи духтарон, соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, риояи талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ки бевосита ба некӯаҳволии халқ нигаронида шудааст, иброи назар намуд.

Фаъолзанони маҳал бо пурсишҳои худ доир ба масъалаҳои фавқуззикр муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей