Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208603
Сегодня
296
На этой неделе
1932
В этом месяце
10104
Итого
208603
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

07.09.2017

Паёми шодбошии раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!

 

Ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон – Тоҷикистон дар марҳилае сурат мегирад, ки халқи бунёдкору сарбаланди тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва боварии том ба фардои дурахшон ва мунаввари хеш қадамҳои устуворона гузошта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро бомаром ва батадриҷ афзун менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузург ва тақдирсоз доштани истиқлолиятро дар сарнавишти мардуми тоҷик басо бамаврид зикр намуда, аз ҷумла чунин ибрози назар намудаанд:

    «Мояи ифтихори мардуми тоҷик аст, ки мо баъди садсолаҳои   зиёд маҳз ба шарофати  ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатӣ ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз намудем. Ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони банангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.»

Маҳз аз ҳамин нигоҳ, Истиқлолият барои мардуми шарифи мо аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, ин санаи муборак ҳамасола ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукуҳи идона таҷлил карда мешавад. Ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш мову шумо дар арафаи солгарди навбатии ин санаи бузургу сарнавиштсоз қарор дорем.

Бо ифтихору сарфарозӣ Шумо, ҳамдиёрони азизро ба муносибати ин ҷашни бузургу фархунда самимона табрику муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки солгарди ин ҷашни пуршукӯҳ ба ҳар як хонадон файзу сурури идона ва бахту саодати поянда оварад.

Дӯстони азиз!

Имрӯзҳо, ҳама шоҳиди онем, ки аз файзу баракоти Истиқлолият мардуми тоҷик дар як муддати барои таърих начандон калон роҳи пурпечутоби қисматро сарбаландона паси сар намуда, ба марҳилаи нави инкишофи худ - мустаҳкам намудани поя ва рукнҳои давлатдорӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагонии хеш расида, аз навниҳолони боғи истиқлолият самар мегиранд.

      Боиси қаноатмандист, ки сокинони сарбаланду шарафманди шаҳрамон низ ба раванди созандагию бунёдкориҳо вусъати тоза бахшида, дар тамоми соҳаҳо ва самтҳои фаъолият пешравиҳо таъмин карда мешаванд ва баҳри иҷрои нақшаву вазифаҳои ба             зиммаашон вогузоргардида, дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ  имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда, баҳри расидан ба фардои нек дилпурона қадам мезананд.

    Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланду саодатёри  шаҳрамон минбаъд ҳам, чун тамоми мардуми шарафманду равшанзамири ҷумҳуриамон ба раванди созандагию бунёдкориҳо вусъати тоза бахшида, ҷашни бузурги таърихию маънавии дар пеш истодаамон – 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол хоҳанд кард.

   Бори дигар, ҳамаи шуморо ба ифтихори 26 – умин солгарди ҷашни маҳбубамон - Истиқлолияти давлатӣ самимона муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ, бахту иқболи накӯ ва сарбаландию  саодатмандӣ  орзумандам.

    Бигзор, парчами озодӣ дар фазои Ватани азизамон доимо парафшон ва Истиқлолияти давлатиамон то абад устувору поянда бод!

    Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

           Бо эҳтиром,

           Раиси шаҳр                           Ғ.Боҳирӣ

Возврат к списку новостей